Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2019, №67 мутобиқи моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 8,9 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” фаъолияти ҶДММ ТАҚХ “Молия ва сармоя” тариқи барҳамдиҳии маҷбурӣ қатъ карда шуд.
Инчунин, дар асоси қарори зикршуда иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Молия ва сармоя”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд карда шуд.
Самтҳои дигари фаъолияти ташкилотҳои зикргардида дар асоси қарори қабулгардида аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории амалкунанда баррасӣ карда мешаванд.
Шуъбаи матбуоти БМТ