25 июни соли 2019 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ оид ба мавзӯъҳои низоми бонкӣ барои намояндагони ВАО доир гардид.
Семинари мазкур бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Академияи ВАО Тоҷикистон ташкил гардида, ҳадаф аз баргузории он пешниҳоди маълумоти муфассал оид ба бонкдорӣ ва низоми бонкӣ барои намояндагони матбуот, телевизион ва радио мебошад.
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова нақши воситаҳои ахбори оммаи кишварро дар роҳи баланд бардоштани рушди иқтисодӣ, низоми бонкии мамлакат ва маърифати молиявии ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд.
- Саҳми васоити ахбори омма дар тарғиби пешравиҳову имкониятҳои навин, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати рушди низоми бонкӣ ва татбиқи мақсадҳои асосии худ дар самти нигоҳ доштани сатҳи устувории молиявӣ амалӣ менамояд, муҳим дониста мешавад. Зеро маҳз тавассути воситаҳои ахбори омма шаҳрвандони кишвар имкон пайдо мекунанд, ки иттилоъи заруриро пайдо намоянд. Аз ин лиҳоз, ҳар қадаре ки хабарнигорон мавзӯъҳои соҳавиро амиқан дарк ва мушаххас таҳлил намоянд ва дар бораи он маводҳо нависанд, ҳамон қадар шаҳрвандони кишвар оид ба низоми бонкӣ ва иқтисолиёт маълумоти дуруст ва бидуни таҳриф ба даст меоранд, - иброз намуд Лола Салимова.
Баъдан Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, директори МД “Академияи ВАО Тоҷикистон” Зинатуллоҳ Исмоилзода ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории семинари мазкур изҳори сипос намуда, зикр кард, ки баргузории чорабинии мазкур барои баланд бардоштани донишҳои молиявии рӯзноманигорон мувофиқи мақсад хоҳад буд.
- Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ, тавре Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ВАО изҳор намуданд, журналистон “сипари боэътимоди ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва манфиатҳои давлатӣ” ба ҳисоб рафта, матлабҳои нигоштаи онҳо барои ташаккули афкору андешаи солим нақши муҳим дорад. Аз ин лиҳоз, бо дарки масъулият ва фаҳмиши пурра мавриди баррасӣ қарор додани дилхоҳ мавзӯъ аз ҳар як журналист дониши васеи соҳавиро талаб менамояд. Семинари имрӯза маҳз барои баланд бардоштани донишҳои молиявӣ ва бонкдории рӯзноманигорон ташкил карда шудааст ва ман умед мекунам, ки он барои ҳар яки шумо манфиатовар хоҳад буд,- таъкид дошт Зинатуллоҳ Исмоилзода.
Дар идомаи чорабинӣ, аз ҷониби кормандон ва мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои сохтори низоми бонкӣ, сиёсати фоизӣ, қарз ва пасандоз, сиёсати пулию қарзӣ, меъёри бозтамвил, таваррум, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, пули миллӣ ва нишонаҳои ҳимоявии он, сиёсати қурби асъор, пардохти ғайринақдӣ - рушди омили иқтисодиёт, кеш бек, бонкинги мобилӣ ва QR код рӯнамоиҳои алоҳида манзур гардид. Оид ба мавзӯъҳои рӯнамоигардида байни мутахассисони бонк ва рӯзноманигорон муҳокимаи пурмуҳтаво сурат гирифт.
Маърӯзаҳо ва рӯнамоиҳои пешниҳодгардида имкон фароҳам оварданд, ки рӯзноманигорон доир ба мавзӯъҳои гуногуни молиявӣ ва бонкдорӣ маълумоти муфассал ба даст оранд ва дар ҷараёни фаъолияти минбаъдаи худ аз он фаровон истифода баранд.
Дар охири семинари омӯзишӣ зикр карда шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба манфиат буда, барои боло бардоштани дониши молиявии рӯзноманигорон ва ба василаи онҳо, ҷомеа мусоидат менамояд.
Шуъбаи матбуот