Ҷамбасти марҳилаи аввали мусобиқаи “Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот” дар БМТ

Бойгонии ахбор
28.06.2019

Ҷамбасти марҳилаи аввали мусобиқаи “Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот” дар БМТ

Аз 26 май то 28 июни соли 2019 ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ҷашни Ваҳдати миллӣ марҳилаи аввали интихобии мусобиқаи “Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот” дар сатҳи маҳал, деҳа, шаҳрак, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи умумӣ ва махсус доир гардид.

Дар доираи мусобиқаи мазкур, аз 24-ум то 26-уми июни соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон низ бозии шоҳмот байни кормандони бонк (то 30-сола ва аз 30-сола боло) баргузор шуд. Пас аз ду рӯзи баргузории мусобиқа, миёни шоҳмотбозони то 30-сола Фирдавс Абдуғаниев - мутахассиси пешбари Шуъбаи таҳлил ва рушди хизматрасониҳои молиявии рақамии Идораи низоми пардохт ва дар байни шоҳмотбозони аз 30-сола боло Улуғбек Акрамов - мутахассиси пешбари Шуъбаи таҳлил ва тадқиқоти Департаменти мониторинги молиявии БМТ ғолиб гардиданд.

NBTL2253.JPG

Ёдовар мешавем, ки “Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот” бори нахуст ва бо мақсади тавсеаву рушди ин намуди варзиши интеллектуалӣ дар кишвар баргузор мегардад. Мусобиқа дар 4 марҳила ва дар шакли оммавӣ – варзишӣ ва мусобиқаи даставӣ байни наврасони то 14 - сола (писарон ва духтарон), ҷавонони аз 15 то 30 – сола (писарон ва духтарон) ва калонсолони аз 30 - сола боло (мардон ва занон) гузаронида мешавад.

Мусобиқот моҳи октябри соли 2019, дар арафаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамбаст мегардад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку