8 июли соли 2019 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев таҳлилгарони Агентии байналмилалии рейтингии “Standard & Poor’s” ҷаноби Тревор Куллинан ва Шоҳрух Темуровро, ки барои муҳокимаи интишори навбатии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз ташрифи меҳмонон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хуш истиқбол карда, аз фаъолияти таҳлилӣ ва баҳодиҳии онҳо нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд. Зимни муқаддимаи вохӯрӣ Ҷамолиддин Нуралиев ба намояндагони Агентии байналмилалии рейтингии “Standard & Poor’s” оид ба вазъи иқтисодии кишвар, аз ҷумла аз зиёд шудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дар баробари ин боло рафтани рушди стратегӣ иттилоъ дода, ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосӣ қарор додани саноатикунонии босуръатро дар сиёсати иқтисодии кишвар махсусан қайд намуд.
Сипас, таҳлилгари “Standard & Poor’s” ҷаноби Тревор Куллинан барои ҳамкорӣ ва пешниҳоди саривақтии маълумотҳои зарурӣ ҷиҳати омода намудани таҳлил ва баҳодиҳии кишвар ба Бонки миллии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, аз самарабахшии нишондиҳандаҳои рейтингӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ибрози назар кард.
Зимни машварат ҷонибҳо оид ба масоили молиявию буҷетӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи сиёсати монетарӣ ва асъорӣ, омори тавозуни пардохт, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, назорати бонкӣ ва рушди минбаъдаи иқтисодиёт ибрози назар намуда, масъалаҳои матраҳшударо барои баҳодиҳии рейтингии минбаъдаи кишвар мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар идома, ҷаноби Тревор Куллинан оид ба методологияи гузаронидани баҳодиҳии рейтинг ва омилҳои асосии муайянкунии он, аз ҷумла аз рӯи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, таркиби нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, сиёсати буҷетӣ ва андозӣ, барориши вомбаргҳои давлатӣ (евробонд), низоми назорати бонкӣ ва сифати дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ, бозори қарзӣ ва низоми молиявӣ, инчунин сиёсати пулию қарзӣ ва ҳадафгирии таваррум сухан ронда, иброз дошт, ки ҳадафи асосии онҳо таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисодию молиявӣ аз рӯи маълумотҳои оморӣ ва иттилоотӣ, бо назардошти нақшаҳои дар оянда пешбинишаванда мебошад.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкорӣ бо Агентии мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ҳар як баҳодиҳӣ, таҳлил ва ё рейтинг, ки аз берун ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, басо муҳим буда, барои ташаккули афкори ҷомеа, аз ҷумла ҷомеаи ҷаҳонӣ нақшгузор аст. Дар баробари ин, рейтинги кредитии соҳибихтиёрии кишвар барои ҷалби сармоягузорӣ ҳамчун омили асосӣ (катализатор) ба ҳисоб рафта, дар муайянкунии эътибор ва нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ муассир арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, Ҷамолиддин Нуралиев аз намояндагони Агентии байналмилалии рейтингии “Standard & Poor’s” даъват ба амал овард, ки зимни гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии кишвар таъмини шаффофият бо назардошти тамоюли рушди самтҳои муваффақ ба инобат гирифта шавад.
Таҳлилгарони Агентии байналмилалии рейтингии “Standard & Poor’s” зимни сафари худ нақша доранд, ҷиҳати баҳогузории рейтинги кредитии соҳибихтиёрии кишвар бо роҳбарияти як қатор вазорату идораҳо, аз ҷумла Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК “Барқи Тоҷик” ва намояндагиҳои ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ аз қабили намояндагии Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту машварат доир намуда, барои шинос шудан бо раванди корҳои сохтмонӣ аз НБО “Роғун” низ, боздид ба амал оваранд.
Маврид ба зикр аст, ки дар робита ба муқаррароти Протоколи ҷаласаи XIII-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 30 майи соли 2014 таҳти №1с/22-3, Бонки миллии Тоҷикистон барои гузаронидани раванди интишори рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф шудааст.
Раванди интишори рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамасола дар асоси созишнома бо Агентии байналмилалии рейтингии “Standard & Poor’s” ба роҳ монда мешавад. Агентии мазкур дар баробари баҳогузории хавфҳои қарзӣ, инчунин рейтинги бозори қарзӣ, молиявӣ ва маълумоти расмиро таъмин намуда, маводҳои таҳлилӣ ва иттилоотиро ба нашр мерасонад. Ҳамасола рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии байналмилалии рейтингии “Standard & Poor’s” ду маротиба таҳия ва нашр шуда, нашри навбатии рейтинг, ки мавриди муҳокима қарор дода шудааст, моҳи августи соли равон дар назар аст.
Шуъбаи матбуоти БМТ