Густариши ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки “Credit Suisse” Швейтсария

Бойгонии ахбор
19.07.2019

Густариши ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки “Credit Suisse” Швейтсария

18 июли соли 2019 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати бонки “Credit Suisse”-и Швейтсария дар симои ҷаноби Лахос Фаркас – директор дар самти Аврупои марказӣ ва шарқӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҷаҳонгир Атахонов –директор дар самти Осиёи Марказӣ ва Сергей Таригин - директор дар самти бозорҳои ҷаҳонӣ, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, мулоқот намуд.

NBTL2949.JPG

Маврид ба зикр аст, ки бонки “Credit Suisse”- яке аз бонкҳои пешрафта ва дорои таҷрибаи ғанӣ дар соҳаи бонкдорӣ, сармоягузорӣ ва молия ба ҳисоб рафта, намояндагиҳои худро дар зиёда аз 50 мамлакати ҷаҳон боз намудааст, ки фаъолияти назаррас доранд.

Дар ҷараёни мулоқоти Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва намояндагони бонки “Credit Suisse”, ки дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, вазъи кунунии низоми бонкии мамлакат, дурнамои рушди соҳа дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуддат мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Инчунин, имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши молиявӣ тавассути амалиётҳои байнибонкӣ ва барқарор намудани суратҳисобҳои муросилотӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

NBTL3008.JPG

Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев диққати меҳмононро ба самтҳои муҳим ва афзалиятнок, аз ҷумла низоми бонкӣ ҷалб намуда, таъкид бар он дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҳамкории судманд дошта, бонки “Credit Suisse”метавонад дар ҷумҳурии мо бо имкониятҳои бештару хубтар ва ба манфиати ҳарду ҷониб ба бозори молиявӣ ворид гардида, дар рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошад.

NBTL2990.JPG

Дар ҷараёни суҳбати судманд роҳбари ҳайати “Credit Suisse” ҷаноби Лахос Фаркас омодагии худро ҷиҳати мусоидат барои ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаи судманд изҳор дошт.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку