Дар бораи ҶДММ “Пардохти фаврӣ”

Бойгонии ахбор
22.07.2019

Дар бораи ҶДММ “Пардохти фаврӣ”

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2019 таҳти №86 мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва дар асоси моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пардохти фаврӣ” барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ ба муҳлати 3 (се) сол иҷозат дода шуд.

Ба Идораи низоми пардохт дастур дода шуд, ки оид ба қарори мазкур сабти дахлдорро ба Феҳристи операторони низоми пардохтӣ ворид намояд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку