Вазъи низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2019

Бойгонии ахбор
22.07.2019

Вазъи низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2019

19 июли соли 2019 ҷаласаи ҷамбастии роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ оид ба вазъи низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2019 баргузор гардид.

Ҷаласаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода оғоз намуда, зикр кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати самараноки пулию қарзӣ, солимгардонии низоми бонкӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ як қатор тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

NBTL3184.JPG

Ҷамшед Нурмаҳмадзода инчунин таъкид дошт, ки пешбурди сиёсати мутавозуни пулию қарзӣ тавассути фишангҳои муосир алҳол самараи худро дода истодааст, ки нишондиҳандаҳои мусбии макроиқтисодӣ аз он шаҳодат медиҳанд. Аз ҷумла, дар нимсолаи якуми соли 2019 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 31,3 млрд. сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 12,9 фоиз афзоиш ёфт ва рушди воқеии он 7,5  фоизро ташкил намуд.

- Дар нимсолаи якуми соли 2019 ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 34,5 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, бақияи амонатҳо дар санаи ҳисоботӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,1% афзуда, қарзҳои ғайрифаъол бошад, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 470,4 млн. сомонӣ коҳиш ёфтааст. Дар маҷмӯъ, натиҷаи фаъолияти молиявии ташкилотҳои қарзӣ дар шаш моҳи аввали соли 2019 бо фоида ба маблағи 203,7 млн. сомонӣ ҷамъбаст гардидааст,-иброз дошт Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

NBTL3232.JPG

Дар рафти ҷаласа оид ба “Вазъи низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2019” Директори Департаменти назорати бонкӣ Нурмуҳаммад Шарипов маърӯза карда, барои ҳозирин доир ба мавқеи низоми бонкӣ дар суханронии Пешвои миллат, вазъи низоми бонкӣ, вазъи низоми пардохт, муроҷиати муштариёни низоми бонкӣ, хавфҳо ва камбудиҳо дар низоми бонкӣ, чораҳои андешидашуда ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2019 дар шакли рӯнамоӣ маълумоти муфассал манзур намуд.

Қобили тазаккур аст, ки дар идомаи ҷаласа аз ҷониби роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ доир ба масъалаҳои баррасигардида муҳокимарониҳо сурат гирифта, ҳар яки онҳо андешаву пешниҳодҳои худро ҷиҳати рушди низоми бонкӣ ва ба даст овардани эътимоди аҳолӣ баён намуданд.

NBTL3202.JPG

Дар поёни ҷаласа, вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2019 гузошта шуд. Аз ҷумла пурра, саривақт ва сифатнок таъмин намудани иҷрои Нақшаи чорабиниҳое, ки пас аз мулоқоти Пешвои миллат бо кормандони низоми бонкӣ таҳия ва ба ташкилотҳои қарзӣ ирсол карда шуд, тақвият додани ҳамкориҳо дар самти ҷалби бештари сармояи арзон ва дарозмуҳлат, андешидани чораҳо барои дастрас шудани фоизи қарзҳо, баланд бардоштани фарҳанги қарздиҳӣ, такмил ва таҷдиди сиёсати қарзӣ, такмили идоракунии корпоративӣ, тахассуси кормандон, ҷобаҷогузории дурусти онҳо, пурзӯр намудани низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ва ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосири бонкӣ, васеъ намудани доираи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва таъмини соҳибкорон бо терминалҳо, фаро гирифтани бахшҳои нав, аз ҷумла маблағгузорӣ намудан ба рушди деҳот, соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, мусоидат намудан ба фарогирии молиявӣ бо мақсади баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти минбаъдаи ташкилотҳои қарзӣ ва дар умум, низоми бонкӣ муаррифӣ карда шуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку