Рӯзҳои 23 – 25 июли соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои мутахассисони Дастгоҳи марказии БМТ ва ташкилотҳои қарзии кишвар семинари байналмилалӣ оид ба Модули хавфи қарзӣ баргузор гардид. Семинари мазкур бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон ва дар ҳамбастагӣ бо Маркази ҳамкориҳои техникии Дойч Бундесбонк бо бонкҳои марказии Олмон ташкил карда шуд.
Дар оғози семинар Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова суханронӣ намуда, иброз намуд, ки низоми идоракунии хавфҳо, хусусан нақши модули хавфи қарзӣ дар рушди устувори ташкилотҳои қарзӣ омили муҳим арзёбӣ мегардад, зеро сандуқи қарзӣ қисми асосии дороиҳои онҳо маҳсуб меёбад.
- Аз ин рӯ, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии ҳисобдорӣ ва танзими меъёрҳои бонкӣ тақозо менамоянд, ки кормандони ташкилотҳои қарзӣ тавассути машғулиятҳои таълимӣ оид ба пешгирии хавфҳо ва татбиқи усулҳои идоракунии онҳо пайваста ба омӯзиш фаро гирифта шаванд. Умедворам, ки семинари мазкур барои иштирокдорони он зимни таҳияи низоми баҳодиҳии қарзӣ ва модули хавфҳои қарзӣ дар ташкилотҳои қарзии кишвар кӯмак хоҳад кард, - иброз дошт Лола Салимова.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи ин семинар давоми се рӯз доктор Томас Госвин ва доктор Давид Ҳейлманн - мутахассисони варзидаи бахши низоми бонкӣ, ки дар таҳияи Низоми худии баҳодиҳии қарзии Дойч Бундесбонк ширкат доштанд, ба иштирокчиёни семинар оид ба таҷрибаи худ дар бунёди Модули хавфи қарзӣ, усулҳои баҳодиҳии хавфи қарзӣ тавассути омӯзиши таҷрибаи пешқадами бонкҳои марказии кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Ҷумҳурии Федеролии Олмон маълумот доданд.
Инчунин, дар ҷараёни семинар раванд ва услуби баҳодиҳии қобилияти пардохтпазирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тавассути моделҳои оморӣ-математикӣ баррасӣ карда шуд.
Хотиррасон мекунем, ки дар семинари байналмилалии мазкур 25 нафар мутахассисони Дастгоҳи марказии БМТ ва ташкилотҳои қарзии кишвар иштирок намуда, малакаву савияи дониши худро сайқал доданд.
Шуъбаи матбуоти БМТ