Дар бораи ҶСП ТС «Cуғуртаи аввалини миллӣ»

Бойгонии ахбор
06.08.2019

Дар бораи ҶСП ТС «Cуғуртаи аввалини миллӣ»

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи банди 1 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, банди 1 боби 10 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият қарори навбатиро аз 5 августи соли 2019, таҳти № 88 ба тасвиб расонид, ки тибқи он бинобар сабаби тағйир ёфтани шакли ташкилию ҳуқуқии ҷамъиятӣ ва иваз шудани маҳалли ҷойгиршавии он, ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти суғуртавии “Суғуртаи аввалини миллӣ” Иҷозатнома ҷиҳати амалисозии фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои муайян, тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати то 2-юми июни соли 2021 дода шуд.

Мутобиқи қарори мазкур Иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи аввалини миллӣ» аз 2 июни соли 2016, аз эътибор соқит дониста шуда, Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор аст, дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта оид ба тағйироти мазкур сабти дахлдор ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку