Татбиқи сиёсати пулию асъорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
21.08.2019

Татбиқи сиёсати пулию асъорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

21 августи соли 2019 бо мақсади таҳлили вазъи бозори дохилии асъор дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо иштироки ташкилотҳои қарзии кишвар ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

NBTL5845-1.JPG

Дар оғози ҷаласа, Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид, диққати иштирокдоронро ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми мулоқот бо кормандони соҳаи молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо санаи 10 майи соли 2019 ҷалб намуда, иброз дошт, ки масъалаи татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, танзими бозори дохилии асъор, аз байн бурдани омилҳои инсонӣ, пешгирӣ намудани монеаҳои сунъӣ дар бозори дохилии асъори хориҷӣ мавзӯи муҳими ҷаласа қарор гирифта буд, ки ба беҳтар намудани фазои молиявии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ таъсири худро мерасонад. Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид барои пурзӯр намудани назорат ва ба таври доимӣ амалӣ намудани ротатсияи кормандони хазинаҳои ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои ҳаннотӣ ба масъулини ташкилотҳои қарзӣ дастур дод.

NBTL5786-2.JPG

Дар идомаи ҷаласа, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба омилҳои асосии тағйирёбии қурб ва зарурати анҷом додани тасҳеҳи қурбӣ, маҳдуд кардани омилҳои инсонӣ дар амалиётҳои асъорӣ ва таъмини шаффофияти онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ сухан карда, барои таъмини талаботи соҳибкорон бо асъори хориҷӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ бинобар саривақт таъмин шудани онҳо бо асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва дар баробари ин эҷод накардани маҳдудият дар фурӯши асъори хориҷӣ ва аз байн бурдани омилҳои сунъӣ, аз ташкилотҳои қарзӣ даъват ба амал овард.

NBTL5914-3.JPG

Зикр карда шуд, ки бо мақсади коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА ва аз байн бурдани чунин фарқият дар бозори ғайрибонкӣ, тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА татбиқ қарда шуд, ки боиси бештар гардидани воридот ва интиқоли маблағҳо тавассути низоми бонкии кишвар, шаффофияти амалиётҳо бо мизоҷон гардида, фаъолияти ҳаннотонро дар бозорҳои ғайрибонкии нақдӣ маҳдуд месозад.

Зимни ҷаласа ташкилотҳои қарзӣ инчунин пешниҳоду таклифҳои худро ҷиҳати хуб кардани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар татбиқи сиёсати асъорӣ манзури ҳозирин карда, вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда фикру мулоҳизоти худро баён доштанд.

NBTL5922-4.JPG

Дар охири ҷаласаи корӣ бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев баҳри бартараф намудани камбудиҳо ҷиҳати роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ аз ҷониби кормандони ташкилотҳои қарзӣ дар бозори дохилии асъори хориҷӣ, саривақт бо асъори нақди хориҷӣ таъмин намудани воҳидҳои сохтории худ бо мақсади анҷом додани амалиётҳои асъорӣ, қонеъ гардонидани талаботи шахсони ҳуқуқӣ бо асъори хориҷӣ ва дигар масъалаҳои пурзӯр намудани назорат дар низоми бонкӣ дастур дода шуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку