Баррасии лоиҳаи Кодекси андоз ҳамчун яке аз омилҳои коҳиш додани меъёри фоизи қарз

Бойгонии ахбор
26.08.2019

Баррасии лоиҳаи Кодекси андоз ҳамчун яке аз омилҳои коҳиш додани меъёри фоизи қарз

22 августи соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади баррасӣ ва муҳокимаи натиҷаҳо дар самти паст кардани меъёри фоизи қарз ва монеаҳои ҷойдошта, инчунин баррасии хулосаву пешниҳодҳои ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ вобаста ба Кодекси андози ҶТ дар таҳрири нав мизи мудаввар дар мавзӯи “Доир ба муҳокимаи натиҷаҳо дар самти паст кардани меъёри фоизи қарз ва лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав” баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо роҳбарии Муовини Раиси БМТ Лола Салимова, сохторҳои калидии Бонки миллии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои қарзии кишвар ва Ассосиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон доир гашт.

NBTL6270-1.JPG

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова зимни суханронии ифтитоҳӣ аз ҷумла зикр намуд, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати ба танзимдарории андозбандии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла ташкилотҳои қарзӣ ба ҳисоб рафта, муносибатҳои байни давлат ва андозсупорандаро вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ танзим менамояд. Аммо таҷриба нишон дод, ки барои беҳтар намудани фаъолияти низоми бонкӣ баъзе аз муқарраротҳои Кодекси андози ҶТ тасҳеҳотро талаб менамояд ва мазҳ бо ин мақсад ҷиҳати баррасии тағйиротҳои воридшаванда ба ин санад чорабинии мазкур бо иштироки ташкилотҳои қарзӣ доир карда мешавад.

Зикр карда шуд, ки Гурӯҳи корӣ фаъолияти худро тибқи Фармони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз 22.07.с.2019,№141/фф ба роҳ мондааст, ки он ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.06.с.2019, №АП-1236 равона гардидааст. Гуруҳи корӣ вобаста ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири навяк қатор тағйиротҳоро дар моддаҳои марбут ба низоми бонкӣ дар асоси пешниҳодҳои ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ омода намуда, мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дод.

NBTL6194-2.JPG

Зимни муаррифии лоиҳа сардори шуъбаи пешбурди китоби асосӣ ва иҷрои сиёсати андозии Департаменти ҳисобдории Бонки миллии Тоҷикистон Насим Охунов изҳор дошт, ки ин ташаббус ба рафти низоми бонкӣ махсусан ташкилотҳои қарзӣ сабукӣ оварда, имкони беҳтар намудани хизматрасонии молиявиро ба аҳолӣ таъмин месозад.

Ҷамъомадагон атрофи таносуби пардохтҳои андозии ташкилотҳои қарзӣ нисбат ба воридоти андозии буҷети давлатӣ, сохтори андозҳои умумии давлатии ҳисобшудаи ташкилотҳои қарзӣ, сохтори андозҳои маҳаллии ҳисобшудаи ташкилотҳои қарзӣ, нишондиҳандаҳои алоҳидаи ташкилотҳои қарзӣ фикру андешаҳои хешро баён доштанд.

Масъулин изҳор доштанд, ки тағйиротҳои мазкур як қатор имкониятҳоро барои рушди низоми бонкӣ ва дар маҷмӯъ ба иқтисодиёти кишвар фароҳам меорад. Аз ҷумла, ба афзоиши сармоягузориҳо, коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол, вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати ҶТ №565 аз 30 ноябри соли 2018, фароҳам овардани фазои мусоид барои татбиқи фаъолияти бонкдории исломӣ, инчунин таъмини дастрасии молиявӣ мебошанд.

NBTL6064-3.JPG

Дар рафти ҷаласа инчунин мавзӯи пешбурди сиёсати қарздиҳӣ дар низоми бонкӣ ва паст кардани меъёри фоизӣ, ки зимни мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо санаи 10 майи соли 2019 махсусан таъкид гардида буд, мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд. Вобаста ба ин масъала дар ҳузури намояндагони ташкилотҳои қарзӣ директори Департаменти назорати бонкӣ Нурмуҳаммад Шарипов дар мавзӯи “Вазъи қарздиҳии низоми бонкӣ ва меъёри фоизи қарзҳо” баромад намуда, таҳлили муфассалро оид ба паст шудани меъёри фоизи қарзҳои ташкилотҳои қарзӣ нисбати соли гузашта манзур намуд. Зикр карда шуд, ки меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо дар низом дар 7 моҳи соли 2019 21,6 фоизро ташкил кард, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба андозаи 7,6 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст.

Дар хотима, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ба иштирокчиёни ҷаласа барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуда, аз ташкилотҳои қарзӣ дархост намуд, ки то санаи 30 августи соли ҷорӣ пешниҳодҳои иловагии худро, ки зимни ҷаласа манзур карда шуданд ва барои рушди низом мусоидат хоҳанд кард, ирсол намоянд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку