Дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” ва муроҷиатиҶСП ТАҚХ “Азимӣ-Молия” оид ба барҳамдиҳии ихтиёрии ҶСП ТАҚХ “Азимӣ-Молия” тибқи қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти №97 аз 26августи соли 2019, дархостиҶСП ТАҚХ “Азимӣ-Молия” қонеъ карда шуд.
Тибқи қарори мазкур мақомоти ваколатдори ҶСП ТАҚХ “Азимӣ-Молия” вазифадор карда шудааст, ки комиссияи барҳамдиҳиро таъсис дода, расмиёти барҳамдиҳииихтиёриро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад.
Шуъбаи матбуот