Мутобиқи қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз санаи 30 августи соли 2019 таҳти №109 ва дар асоси моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва мутобиқи моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба ҶДММ “БЭСТ” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “БЭСТ” ба муҳлати 3 (се) сол иҷозатнома дода шуд.
Мутобиқи қарори мазкур Идораи низоми пардохт уҳдадор аст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ оид ба тағйироти мазкур сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуот