Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
26.09.2019

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Барои ишғоли вазифаи холии зерин

ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд

I

бозраси дараҷаи I Бахши ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони

хизматрасониҳои молиявӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумот олии иқтисодӣ ё олии ҳуқуқшиносӣ;
  • малакаи кор дар компютер (MS Office ва дигар барномаҳо);
  • дониши кофӣ дар самти қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на камтар аз 3 сол;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • надоштани доғи судӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3x4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • Нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Ҳуҷҷатҳо бо нишонии зерин қабул карда мешавад: 

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
  • ш.Хуҷанд, кучаи К.Хуҷандӣ 168, Шуъбаи кормандон ва умури ҳуқуқӣ
  • Барои маълумот – тел: 600-06-57; 630-06-39
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 11.10 с.2019

Возврат к списку