Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019, таҳти №122, мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 7, 10, 15 ва 27-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Бонки “Арванд” Иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд.
Тибқи қарори мазкур бинобар табдилёбии ҶДММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Арванд” ба бонк Иҷозатномаи он барои иҷрои амалиёти бонкӣ аз 14 декабри соли 2012 ва иҷозатномаи ҶСП “АксесБонк Тоҷикистон” бинобар азнавташкилдиҳӣ дар шакли ҳамроҳшавӣ ба ҶСП Бонки “Арванд” аз эътибор соқит дониста мешаванд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни супоридани Иҷозатнома ба Раиси ҶСП Бонки “Арванд” Шоира Содиқова барои васеъ кардани доираи фаъолият дар манотиқи гуногуни кишвар, аз ҷумла таъсиси филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии нав, мусоидат намудан ба миёнаравии молиявӣ дар ҷумҳурӣ, саҳм гузоштан дар коҳиш додани фоизҳои қарзӣ ва бо ин мусоидат намудан ба дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои арзону босифат дастур дод. Дар баробари ин, ба ҳайси як зан - роҳбари бонки тиҷоратӣ саҳм гузоштан дар ҷалби бонувон ба низоми бонкӣ бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ тавсия дода шуд. Дар охир, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода ба роҳбари боз як Бонки навтаъсис дар кишвар барои фаъолияти пурсамар ва амалӣ намудани нақшаҳои дар пешгузошта ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди низоми бонкӣ муваффақият орзу намуд.
Бояд қайд кард, ки аз ҷониби ҶСП “АксесБонк Тоҷикистон” ва ҶДММ ТАҚХ “Арванд” дар робита ба табдилдиҳии ташкилоти амонатии қарзии хурд ба Бонк (ҶСП Бонки “Арванд”) дар шакли ҷамъияти саҳомии пӯшида ва ҳамроҳшавии ҶСП “АксесБонк Тоҷикистон” бо Бонки навтаъсис расмиёти зарурӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ риоя гардидаанд.
Шуъбаи матбуот