Аз 23 то 27 сентябри соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази омӯзишӣ – методии Департаменти мониторинги молиявӣ курси омӯзишӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) барои мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ (ҶСК "Ориёнбонк"; БДА ҶТ "Амонатбонк"; ҶСК "Соҳибкорбонк"; ҶСП "Бонки рушди Тоҷикистон"; Филиали бонки "Тиҷорат"-и ҶИЭ дар ш. Душанбе; ҶСП "Бонки Осиё";ҶДММ ТАҚХ “ФИНКА”; ҶДММ ТАҚХ “Фазо С”; ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити”; ҶСП "Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон" ҶДММ ТАҚХ “Зудамал”) доир гардид. Қобили қайд аст, ки курси омӯзишӣ аз ҷонибӣ мутахассисони Департаменти мониторинги молиявӣ, ки бевосита дар низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО фаъолият менамоянд, гузаронида шуд.
Шунавандагони курс пас аз хатми курсҳои омӯзишӣ дониши худро дар самти МҚД/МТ/МПСҚО васеъ намуда, дар фаъолияти худ истифода менамоянд. Бояд қайд намуд, ки ба шунавандагони курсҳои омӯзишӣ сертификат доир ба хатми курси умумӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО пешниҳод карда шуд.
Шуъбаи матбуот