Дар бораи ҶДММ ТАҚХ “Васл”

Бойгонии ахбор
08.10.2019

Дар бораи ҶДММ ТАҚХ “Васл”

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2019 таҳти №123 дар асоси моддаи 42-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 14 ва 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Васл” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ иҷозатнома дода шуд.

Сабти дахлдор дар Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид карда мешавад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку