16.10.2019
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш.Кӯлоб
I
мутахассиси шуъбаи назорати бонкӣ (шартномавӣ) (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумот олии иқтисодӣ;
- доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани ҳисоботҳои таҳлилӣ;
- малакаи касбии кор дар компютер MS Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;;
- доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ;
- дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
- донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;
- надоштани доғи судӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 4 дона андозаи 3x4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- Нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳо бо нишонии зерин қабул карда мешавад:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
- Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
- ш.Кӯлоб, кучаи Ҳ.Неъматов 4, Шуъбаи кормандон ва корҳо
- Барои маълумот – тел: 625-05-67
- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 29.10 с.2019