Дар бораи ҶДММ «Ташкилоти суғуртавии Эсхата Суғурта»

Бойгонии ахбор
24.10.2019

Дар бораи ҶДММ «Ташкилоти суғуртавии Эсхата Суғурта»

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 4 ва 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 54 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172 тасдиқ шудааст, қарори навбатиро аз санаи 24 октябри соли 2019 таҳти №127 дар бораи додани иҷозатнома ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ташкилоти суғуртавии Эсхата Суғурта» ба тасвиб расонид.

Дар асоси қарори мазкур ба ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Эсхата Суғурта”, барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои муайян ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор шудааст, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид созад.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку