Мулоқоти Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати НМКП “Мир”

Бойгонии ахбор
28.10.2019

Мулоқоти Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати НМКП “Мир”

25 октябри соли 2019 дар доираи лоиҳаи ҳамгироии Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” ва НМКП “Мир” Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Муовини Директори Генералии Ҷамъияти саҳомии НМКП “Мир” Сергей Бочкарев ва менеҷери калони лоиҳавии Ҷамъияти саҳҳомии НМКП “Мир” Игор Тростников мулоқот намуд.

NBTL0270-1.jpg

Дар ҷараёни вохӯрӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Низоми миллии кортҳои пластикии “Мир” (Федератсияи Россия) изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ба дорандагони кортҳои низомҳои “Корти миллӣ” ва “Мир” имкон медиҳад, то аз шабакаҳои терминалии бонкӣ, ки иштирокчии низоми пардохтии мазкур мебошанд, истифода баранд. Бо татбиқ шудани лоиҳаи ҳамгироии Низоми пардохтии “Корти миллӣ” ва НМКП “Мир” имкон фароҳам меояд, ки дорандагони кортҳои пардохтии “Корти миллӣ” аз хизматрасонии бонкҳои Россия ва дорандагони кортҳои пардохтии “Мир” аз хизматрасонии шабакаҳои терминалии бонкҳои Тоҷикистон бархурдор шуда, бо истифода аз имконияти мусоид маблағҳои худро аз як корт ба корти дигар бемамониат интиқол диҳанд. Дар маҷмӯъ, ҳамгироии мазкур дастрасии шаҳрвандони мамлакатро, ки муваққатан дар Россия кору фаъолият мекунанд, ба теъдоди зиёди хизматрасониҳои бонкӣ осон мегардонад, - изҳор дошт Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

NBTL0262.JPG

Муовини директори генералии НМКП “Мир” Сергей Бочкарев зимни баррасии ҳамкорӣ, аз корҳои дар доираи лоиҳаи мазкур то имрӯз бо ҳамкории БДА ҶТ “Амонатбонк” анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки муаррифии Лоиҳаи ҳамгироии Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” ва НМКП “Мир” даҳаи аввали моҳи декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст. Сергей Бочкарев изҳори боварӣ кард, ки корҳои ташкилию расмиёти зарурии Лоиҳаи мазкур то муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонида хоҳад шуд.

NBTL0264-1.jpg

Дар ҷамъбасти мулоқот, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода барои тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар доираи лоиҳаи ҳамгироӣ бо шарикони НМКП “Мир” изҳори ҳавасмандӣ кард.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи ҳамгироии низомҳои пардохтии “Корти миллӣ” ва “Мир” дар асоси шартномаи ҳамкорӣ аз моҳи ноябри соли 2018 байни низомҳои пардохтӣ оғоз шуда, аз рӯи нақша татбиқи он моҳи декабри соли равон дар назар аст.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку