Муҳокимаи лоиҳаи Стратегияи ҳамкории БАТР бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025

Бойгонии ахбор
14.11.2019

Муҳокимаи лоиҳаи Стратегияи ҳамкории БАТР бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025

Дар мулоқоти Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Мушовири Директори иҷроия дар минтақаи Осиёи Марказӣ Евгений Офрихтер, Муовини Директор-иқтисодчии пешбари минтақавӣ Эрик Ливни, Муовини Директор оид ба стратегияи кишварӣ Либор Кркоска, таҳлилгар оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии стратегияи кишварӣ Герго Мат ва роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон хонум Айтен Рустамова, ки 12 ноябри соли 2019 доир гашт, лоиҳаи Стратегияи ҳамкории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, масъалаҳои сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои рушди он мавриди баррасии муфассал қарор дода шуд.

NBTL1660-1.jpg

Нахуст Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев меҳмононро бо вазъи феълии низоми бонкии ҷумҳурӣ ва дастовардҳои дар ин бахш бадастомада шинос карда, аз фаъолияти Намояндагии доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамзамон қайд, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд бонки мазкур тавонист дар сармоягузории лоиҳаҳои муҳими бахшҳои давлатӣ, аз ҷумла барномаи қарздиҳии хурд, сармоягузории мустақим, мусоидат ба таҷдид ва рушди соҳаи кишоварзӣ, соҳибкории хурду миёна, обтаъминкунӣ, инфрасохтори шаҳру деҳот, дастгирии занон ва ҷавонон иштироки фаъолона намуда, дар рушди мамлакат саҳми босазо гузорад.

NBTL1654.JPG

Аз ҷумла, иштироки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, аз ҷумла амалӣ кардани лоиҳаи CАSА - 1000 намунаи олии ин ҳамкориҳои судманд мебошад, - таъкид намуд Ҷ.Нуралиев.

Ҳадафи асосии ташрифи ҳайати БАТР муҳокимаи лоиҳаи Стратегияи ҳамкории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 маҳсуб меёбад. Дар робита ба ин, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи намояндагони БАТР-ро ба чанд масъалаи муҳими лоиҳаи Стратегияи мазкур ҷалб намуда, таъкид бар он дошт, ки ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои минбаъдаи дар чорчӯбаи Стратегияи мазкур татбиқшаванда, бояд бо дарназардошти амалӣ гардидани афзалиятҳои миллии ҷумҳурӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода шаванд.

NBTL1650.JPG

Мушовири Директори иҷроия дар минтақаи Осиёи Марказӣ Евгений Офрихтер дар мавриди тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо Бонки миллии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуда, зикр кард, ки фаъолияти БАТР ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии бахши хусусӣ равона шуда, бо ин роҳ метавонад ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат намояд.

Дар ҷамъбасти баррасӣ Ҷамолиддин Нуралиев изҳор дошт, ки тамоми масъалаҳое, ки зимни мулоқот мавриди баррасӣ ва таҷдиди назар қарор дода шуданд, аз ҷумла бо назардошти маълумот оид ба дастовардҳо ва татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар, тағйиру иловаҳо дар нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ба лоиҳаи Стратегияи мазкур, аз ҷониби БАТР ба инобат гирифта хоҳад шуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку