Дар бораи ФҚХ “Имдоди Рушд”

Бойгонии ахбор
14.11.2019

Дар бораи ФҚХ “Имдоди Рушд”

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2019, №141 мутобиқи моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 8-9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо сабабҳои ба таъхир гузошта шудани уҳдадориҳо, нисбати ФҚХ “Имдоди Рушд” қарори навбатиро ба тасвиб расонид.

Тибқи қарори мазкур иҷозатномаи ФҚХ “Имдоди Рушд”, ки 28 августи соли 2012, №178 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд карда шуд.

Самтҳои дигари фаъолияти фонди зикргардида дар асоси қарори қабулгардида аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории амалкунанда баррасӣ карда мешаванд. 

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку