Тақвияти ҳамкорӣ дар мулоқоти Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
14.11.2019

Тақвияти ҳамкорӣ дар мулоқоти Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

14 ноябри соли 2019 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо намояндагони Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон, аз ҷумла Ноиби Президент оид ба Барномаҳои рушд ва дастгирии соҳибкорӣ Бернт Хагенлочер, менеҷери калон оид ба хавфҳои қарзӣ Ингрид Хофстетер ва шарики иҷроияи CGFT Бернд Лайдер, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, мулоқот намуд.

NBTL1844-1.jpg

Дар ибтидо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода меҳмононро бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмини бомароми рушди иқтисодиёти кишвар, дар амал татбиқ намудани чор ҳадафи стратегии мамлакат, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, инчунин вазъи низоми бонкӣ, сиёсати пулию қарзӣ шинос намуд. Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз сатҳи ҳамкориҳои Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тақвият додани ҳамкорӣ баҳри вусъат бахшидани дастрасии молиявӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла пешниҳоди қарзҳои арзону дастрас ба аҳолӣ ибрози ҳавасмандӣ намуд.

Зимни мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон инчунин аз корҳои ба анҷом расонидашуда дар низоми бонкӣ, аз ҷумла татбиқи ислоҳоти низоми бонкӣ, коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол дар низом, афзоиши пешниҳоди қарзҳо ба иқтисодиёт ва таъмини пардохти онҳо, такмил додани сатҳи тахассусияти кормандон, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ ҷиҳати дуруст истифода бурдани қарз ва саривақт пардохт намудани он қайд карда, изҳор дошт, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда айни замон сандуқи қарзӣ 7 фоиз афзоиш ёфта, шумораи қарзгирандагон дар низом ба 456 ҳазор нафар расидааст. Ҳамзамон ҳаҷми қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ аз 47 фоиз дар соли 2016, ба 24,8 фоиз дар нимсолаи соли 2019 коҳиш дода шуд, ки ин нишондиҳанда аз беҳтар гардидани вазъи низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад, - қайд кард Ҷ.Нурмаҳмадзода. 

NBTL1920.JPG

Намояндаи минтақавии Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон шарики иҷроияи CGFT ҷаноби Бернд Лайдер дар навбати худ аз ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои васеъ кардани доираи фаъолият ва имконот ибрози ҳавасмандӣ ва омодагӣ намуд. Зикр карда шуд, ки айни замон ҳиссаи Фонди мазкур дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 фоизро ташкил медиҳад, ки имрӯз бо ҶСК "Бонки Эсхата", ҶСП Бонки “Арванд”, ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл” ва ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст. Минбаъд нақша дорем, доманаи фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ намуда, дар соли 2020 бо чор ташкилоти қарзии дигар дар доираи шартномаи ҳамкорӣ фаъолияти шарикиро ба роҳ монем, -изҳор намуд ҷаноби Бернд Лайдер.

Ҳамзамон зикр карда шуд, ки Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон баҳри тақвият бахшидани ҳамкориҳо Стратегияи ҳамкории Фондро бо Бонки миллии Тоҷикистон омода кардааст ва дар доираи он механизми ҳавасмандкунии қарздиҳӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо институтҳои байналмилалӣ, аз қабили Бонки рушди Олмон, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиёро таҳия ва пешниҳод карданӣ аст. Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон метавонад ҳамаи сохторҳои тиҷоратии хурду миёнаи Тоҷикистонро фаро гирифта, ба рушди иқтисодии тамоми манотиқи кишвар саҳм гузорад.

NBTL1877.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ. Нурмаҳмадзода дар навбати худ баҳри муҳайё намудани заминаи ҳуқуқӣ ва имконоти зарурӣ барои васеъ кардани фаъолияти Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон дар манотиқи кишвар омодагии ҳамаҷонибаро баён намуда, таваҷҷуҳи намояндагони Фондро ба зиёд кардани ҳиссаи фаъолият дар низоми бонкии Тоҷикистон, мусоидат ба дастрасии қарзҳои хурд дар минтақаҳои дурдасти куҳистон, тақвият бахшидани мавқеи ҷуғрофии он дар кишвар ҷалб намуд.

- Дар доираи лоиҳаи “Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки айни замон дар ҳолати таҳия қарор дорад, имкон аст, дар самти боло бурдани масъулияти қарзгирандагон ҷиҳати пардохти саривақтии қарз, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, кушодани суратҳисобҳо, ҷалби пасандозҳо, табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисон ҳамкориҳои самарабахши худро дар фазои якдигарфаҳмӣ тақвият бахшем, - изҳор дошт Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Дар охир ҷонибҳо изҳор доштанд, ки бо беҳтар кардани сифати дастрасии молиявии тиҷорати хурду миёна, имкониятҳои васеъ намудани тиҷорат, барасмиятдарории фаъолияти соҳибкорӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави кории иловагӣ ба вуҷуд хоҳад омад.

NBTL1821.JPG

Маврид ба зикр аст, ки Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод дар механизми бозори давлатӣ барои дастгирии бахши молиявӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва берун аз минтақа ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Дар доираи қоидаҳои муайян Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон, чун сохтори мустақили ҳуқуқӣ бо иштироки институтҳои давлатӣ, байналмилалӣ ва ё миллии молиявӣ асос ёфтааст.

Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон метавонад бо роҳи ташкили шартҳои муносиби кафолатӣ, омили босамари механизми сохторҳои алоҳида, аз ҷумла хоҷагии қишлоқ, FinTech, сайёҳӣ ва пешниҳоди қарз бо низоми бонкдории исломӣ гардад. Фонди қарзии кафолатӣ (CGFT) соли 2014 таъсис дода шуда, ба се Интитути молиявии аврупоӣ, аз ҷумла Корпоратсияи сармоягузории олмонӣ (DEG), Бонки рушди Австрия (OeEB) ва Ҷамъияти маблағгузории голландӣ барои мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ (FMO) тааллуқ дорад ва аз ҳисоби онҳо маблағгузорӣ карда мешавад.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку