Баргузории Форуми “Сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон. Дастовардҳо ва рушд”

Бойгонии ахбор
15.11.2019

Баргузории Форуми “Сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон. Дастовардҳо ва рушд”

Имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ислоҳоти бахши молиявӣ барои рушди муваффақ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, Бюрои таърихи қарзии Тоҷикистон ва нақши он дар фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя ба бахши бонкӣ, суботи макроиқтисодӣ - омили муҳими ҷалби сармояи хориҷӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ бо пули миллӣ ва бартариятҳои он, аҳамияти ҷалби сармоя бо пули миллӣ бо истифода аз қоғазҳои қиматнок дар биржаҳо аз ҷумлаи мавзӯъҳои муҳиме буданд, ки 15 ноябри соли 2019 зимни баргузории Форуми “Сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон. Дастовардҳо ва рушд” аз ҷониби намояндагони бахши молиявии давлат, ташкилотҳои қарзӣ, созмонҳои хориҷии молиявӣ ва коршиносони соҳаи бонкдориву молия мавриди баррасӣ ва муҳокимарониҳо қарор дода шуд.

NBTL2322-1.JPG

Форуми мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва аз ҷониби Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии хурди Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Дар оғози Форум Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ ҳамеша ба фароҳам овардани шароити мусоид ва имкониятҳои васеъ барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ таъкид менамоянд. Маҳз ҳамин сиёсати оқилонаи Сарвари давлат дар самти ҷалби сармоягузории хориҷӣ буд, ки имрӯз дар кишвар садҳо ширкатҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои молиявии хориҷӣ бомуваффақият фаъолият намуда, саҳми худро дар рушду инкишофи Тоҷикистон гузошта истодаанд. Дар ин радиф, Бонки миллии Тоҷикистон барои ҷалби бештари сармоягузорони хориҷӣ ба низоми бонкӣ бо идомаи татбиқи ислоҳот ва ворид намудани технологияи муосир шароити мусоид ва имкониятҳои зиёдро фароҳам овардааст, ки фаъолияти пурсамари чандин ташкилотҳои молиявӣ ва бонкии хориҷӣ дар кишвар аз он гувоҳӣ медиҳад.

NBTL2450-2.JPG

Баъдан, Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ, сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Мустафо Шоҳталбзода, роҳбари Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии хурди Тоҷикистон Зебо Фаттидинова низ ба сухан баромада, баргузории Форуми имрӯза ва масъалаҳои дар он баррасишавандаро барои ҷалби сармоягузорӣ ва табодули таҷриба самарабахш маънидод намуданд.

NBTL2403-3.JPG

Дар қисмати дуюми Форум иштирокчиён ба бахшҳо тақсим шуда, оид ба мавзӯҳои “Ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон: вазъи кунунӣ ва стратегияи рушди минбаъда”, “Принсипҳои асосии ҷолибияти бахши молия барои сармоягузорон. Интизориҳо ва мушкилот” ва “Ҷалби бомуваффақияти захираҳо бо пули миллӣ барои дастгирӣ ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон. Чӣ тавр мушкилоти пешомадаро ҳал метавон кард?” муҳокимарониҳо намуданд.

Дар поёни Форум иштирокчиёни он баргузории чунин чорабиниҳоро барои боз ҳам беҳтар гардидани фазои сармоягузории кишвар, бартараф намудани монеаҳои мавҷуда ва ба ин васила, ҷалби бештари сармояи мустақими хориҷӣ ба Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку