Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Тартиби интиқоли фаромарзии маблағҳо ва фаъолияти низомҳои пардохтии анҷомдиҳандаи чунин интиқолҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 27 сентябри соли 2019 таҳти №117 тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 ноябри соли 2019, таҳти №992 ба қайд гирифта шуд.
Тибқи қарори мазкур, аз 18 ноябри соли 2019 Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ба таври пилотӣ бомуваффақона бо ташкилотҳои қарзӣ ба фаъолияти худ шурӯъ намуд.
Маврид ба зикр аст, ки мақсади асосии таъсиси Маркази миллии протсессингӣ аз баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағҳо, таъмин намудани шаффофияти амалиётҳо ва коҳиш додани хавфҳои транзаксионӣ бо мақсади таъмин намудани устувории низоми бонкию молиявӣ дар кишвар ва ба амал овардани заминаи мусоид барои амалиётҳои бехавф иборат мебошад.
Тартиби мазкур дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз санаи 20 ноябри соли 2019, № 218 (23821) нашр шуда, матни пурраи он дар шакли электронӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст.
Шуъбаи матбуот