Интиқоли маблағ дар тамоми кишвар тавассути операторони “Юнистрим” ва “Контакт” бемамониат ва бемаҳдудият дастрас аст

Бойгонии ахбор
04.12.2019

Интиқоли маблағ дар тамоми кишвар тавассути операторони “Юнистрим” ва “Контакт” бемамониат ва бемаҳдудият дастрас аст

Бонки миллии Тоҷикистон: аз ташкилотҳои қарзӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш менамоем, ки ба муштариён ва наздикони худ дар давлатҳои хориҷа расонанд, ки дар рӯзҳои наздик ҳангоми интиқоли маблағҳо аз хориҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматрасонии низомҳои пардохтии “Юнистрим” ва “Контакт” истифода баранд. Коди “Юнистрим” 12 рақама ва коди “Контакт” 9 рақама буда, ин низомҳо дар тамоми гушаву канори Федератсияи Русия филиал ва намояндагиҳои худро доранд.

Мизоҷон инчунин метавонанд, маблағҳои худро тариқи аз як корт ба корти дигар гузаронидан, яъне аз корти бонкҳои Русия ба корти бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд”, ҶСК “Комерсбонк Тоҷикистон”, ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити”, ҶСП “Спитамент Бонк”, ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК "Бонки Эсхата" ва ҶСП “Халиқ Бонк Тоҷикистон” дастрас намоянд.

Интиқоли маблағҳо тавассути операторони низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст нашудаанд, амалӣ карда намешавад.

Минбаъд аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ кодҳои 9 рақамаи низоми пардохтии “Золотая Корона” мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку