Интиқоли маблағ дар тамоми кишвар тавассути низомҳои “Юнистрим” ва “Контакт” амалӣ шуда истодааст

Бойгонии ахбор
10.12.2019

Интиқоли маблағ дар тамоми кишвар тавассути низомҳои “Юнистрим” ва “Контакт” амалӣ шуда истодааст

Тавре Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, оғоз аз 3 декабри соли 2019 тамоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ тавассути низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст гардидаанд, амалӣ шуда истодаанд. Айни замон, низомҳои пардохтии “Юнистрим” ва “Контакт” ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пурра пайваст шудаанд ва аз 3 декабри соли равон шаҳрвандон метавонанд тавассутии ин низомҳо бе мамоният интиқоли маблағҳоро анҷом диҳанд.

Тибқи маълумотҳои дастрасшуда теъдоди зерини нуқтаҳои хизматрасонии интиқоли маблағҳо дар қаламрави Федератсияи Россия амал намуда истодаанд:

Низоми “ЮНИСТРИМ” ҳамагӣ 15 788 нуқтаҳои хизматрасонӣ, аз онҳо:

- МТС – 4 300 адад;

- Теле 2 – 2 150 адад;

- агентҳои бонкии пардохтӣ – 1 696 адад;

- марказҳои хизматрасонии “Почта банк” – 4 600 адад;

- Росселхозбанк – 1 335 адад;

- шабакаи худии Юнистрим – 207 адад;

- марказҳои хизматрасонии дигар ташкилотҳои қарзӣ – 1 500 адад.

Инчунин, интиқоли маблағҳо тавассути сомонаи расмӣ ва барномаи мобилии ЮНИСТРИМ анҷом дода мешаванд.

Низоми “КОНТАКТ” дорои зиёда аз 8 500 адад нуқтаҳои хизматрасонӣ буда, тавассути нуқтаҳои хизматрасонии бонкҳо, шабакаи худии КИВИ бонк, агентҳои бонкии пардохтӣ, терминалҳои пардохтии КИВИ, аз ҷумла барномаҳои мобилӣ ва ҳамёнҳои электронӣ амалиётҳои интиқоли маблағҳоро анҷом медиҳад.

Тарофаҳои (комиссияи) низоми пардохтии “ЮНИСТРИМ“ вобаста аз маблағи интиқол, нуқтаҳое, ки тавассути он интиқол анҷом дода мешавад (масалан, нуқтаҳои хизматрасонии МТС, Теле2 ва дигар агентҳо, нуқтаҳои хизматрасонии Почтабанк ва дигар бонкҳо, инчунин шабакаи худии Юнистрим) ва асъори интиқол аз 0,99 фоиз то 1,5 фоизро ташкил медиҳад.

Тарофаҳои низоми пардохтии “КОНТАКТ” барои интиқоли маблағ аз нуқтаҳое, ки тавассути он интиқол анҷом дода мешавад, 1 фоизро ташкил медиҳад.

Ғайр аз интиқоли маблағҳо тавасссути низомҳои зикргардида, инчунин интиқоли маблағҳо аз Федератсияи Россия ба кортҳои пардохтии “Корти миллӣ”-и ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶСП “Коммерсбонки Тоҷикистон”, ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” ва ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити” тавассути барномаи мобилии “Сбербанк онлайн”, инчунин терминалҳои КИВИ ва нуқтаҳои хизматрасонии “Связной” ва “Мегафон” имконпазир мебошад.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку