CONTACT ҳаққи хизматрасонии маблағҳои интиқолиро дар Тоҷикистон коҳиш медиҳад: Тарифи “Тоҷикистон 1%”

Бойгонии ахбор
10.12.2019

CONTACT ҳаққи хизматрасонии маблағҳои интиқолиро дар Тоҷикистон коҳиш медиҳад: Тарифи “Тоҷикистон 1%”

Низоми пардохтии CONTACT дар бораи коҳиш додани ҳаққи хизматрасонии маблағҳои интиқолӣ дар Тоҷикистон дар доираи Аксияе, ки аз 10 декабри соли 2019 то 31 январи соли 2020 идома меёбад, эълон мекунад. Дар давраи амал кардани ин Аксия ҳаққи хизматрасонии муштариён барои фиристодани маблағ аз Россия ба Тоҷикистон  ва додани ин маблағҳо дар шакли нақд коҳиш дода шуда, 1 фоизи маблағи интиқолшударо ташкил хоҳад кард.
 
Аксияи мазкур ба он интиқолҳое татбиқ мегардад, ки бо рубл, доллари ИМА ва евро фиристода шуда,  пардохти онҳо бо асъори фиристодашуда сурат мегирад. Барои гирифтани маблағи интиқолшуда пешниҳод кардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва гуфтани рақами интиқол мутобиқи маълумоти ба фиристанда нишондода зарур мебошад. Маълумоти муфассалро дар бораи шартҳои Аксия метавонед аз сомонаи https://www.contact-sys.com дастрас намоед.
 
CONTACT яке аз он низомҳоест, ки саривақт ба Маркази протсессинги миллии назди Бонки миллии Тоҷикистон пайваст шудааст. Қабул ва фиристодани интиқолҳои пулӣ тавассути CONTACT дар ҳамаи офиси бонкҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Марказ пайваст шудаанд, анҷом дода мешавад.
 
Низоми пардохтии CONTACT аз соли 1999 фаъолият дошта, аввалин низоми пардохтии интиқоли маблағҳо дар Россия ба ҳисоб меравад. КИВА Бонк (ҶС) оператори низоми CONTACT буда, вазифаҳои ташкилӣ, ҳисоббаробарию клирингӣ, иттилоотию техникиро иҷро менамояд. Айни замон CONTACT яке аз пешсафони бозори ҷаҳонии интиқолҳои пулӣ ба шумор меравад. Зиёда аз 1000 институти молиявии Россия ва ҷаҳон шарикони CONTACT мебошанд. Шабакаи байналмилалии CONTACT зиёда аз 670 ҳазор нуқтаи хизматрасонӣ – шуъбаҳои бонкӣ, терминалҳои пардохт, офисҳои агентҳои бонкии пардохт ва ғайраро дар беш аз 180 кишвари олам дар бар мегирад.

https://www.contact-sys.com/projects/tarif-tadzhikistan-1


Возврат к списку