Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи аҳолии кишвар мерасонад, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба мизоҷон ва саривақт гирифтани маблағҳои интиқолӣ ва истифодаи хизматрасониҳои дигари бонкӣ, аз 11 декабри соли равон ташкилотҳои қарзиро (муваққатан) муаззаф кардааст, ки давомнокии рӯзи кории марказҳои хизматрасонии бонкиашонро дар тамоми манотиқи кишвар то соати 19:00 тамдид намоянд.
Аз ин рӯ, шаҳрвандон метавонанд маблағҳои интиқолии худро ҳамарӯза то соати 19.00 қабул ва ё ирсол намоянд ва аз хизматрасониҳои дигари бонкӣ истифода намоянд.
Шуъбаи матбуот