Бонки миллии Тоҷикистон: тибқи муроҷиати шаҳрвандон рӯзҳои охир як қатор ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳангоми анҷом додани амалиёти интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар монеаҳои сунъӣ ва маҳдудиятҳои беасос ҷорӣ карда истодаанд.
Бо дарназардошти он ки Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо муназзам ва муътадил фаъолият карда истодааст, ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон амалиёти интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкиро аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар бемамоният ва сари вақт таъмин намоянд.
Шуъбаи матбуот