Шаҳрвандон метавонанд маблағҳои аз Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути низоми “Золотая Корона” интиқолнамудаи худро бозпас гиранд

Бойгонии ахбор
23.12.2019

Шаҳрвандон метавонанд маблағҳои аз Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути низоми “Золотая Корона” интиқолнамудаи худро бозпас гиранд

Бонки миллии Тоҷикистон барои бозпас гирифтани маблағҳое, ки шаҳрвандон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути низоми “Золотая Корона” фиристода буданд, тадбирҳои зарурӣ меандешад. Вобаста ба зиёд шудани муроҷиати шаҳрвандон барои бозпас гирифтани маблағҳояшон, ки тавассути низоми “Золотая Корона” аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар интиқол дода буданд, ташкилотҳои қарзӣ вазифадор шудаанд, ки рӯзҳои 24 - 25 декабри соли 2019 (дар давоми ду рӯз) ба муштариён имконияти бозхонд ва баргардонидани ин маблағҳоро, аз он ҷумла интиқолҳои дар дохили кишвар анҷомдодашударо, ки бо сабабҳои гуногун интиқолгиранда дастрас накардааст, таъмин намоянд. Ҳамзамон муштариёни худро, ки чунин интиқолҳоро анҷом додаанд, оид ба бозхонд ва баргардонидани интиқолҳои тавассути низоми “Золотая Корона” анҷомдодашуда, хабардор намоянд. Дар баробари ин, ташкилотҳои қарзӣ барои аз нав интиқол додани маблағҳои гирифташуда тавассути низомҳои пардохтии “Контакт” ва “Юнистрим” шароит фароҳам оранд.

Низоми пардохтии “Золотая Корона” бо ирсоли мактуб аз 19 декабри соли 2019 ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки маблағҳои аз интиқолдиҳандагон дар хориҷи кишвар ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтаашро ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон дар дилхоҳ нуқтаҳои интиқоли маблағи берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида истодааст.

Аз ин лиҳоз, ташкилотҳои қарзиро зарур аст, муштариёнро вобаста ба бозпас гирифтани маблағҳояшон аз низоми “Золотая Корона” ва сипас тавассути низомҳои пардохтии “Контакт”, “Юнистрим” ё ба кортҳои пардохтӣ интиқол додани маблағ хабардор намоянд.

Дар ҳолати ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудан, зимни бозпас гардонидани маблағҳо дар хориҷи кишвар, шаҳрвандон метавонанд ба намояндаи низоми пардохтии “Золотая корона” дар Тоҷикистон бо рақамҳои +992 90 888 80 80 занг зананд ва ё бевосита ба низоми пардохтии “Золотая корона” бо рақами +7 (495) 96 00 555 (шабонарӯзӣ) муроҷиат намоянд ва дар сурати ҳал нагардидани муроҷиати шаҳрвандон ва ё бозпас нагардонидани маблағҳои интиқолшуда, шаҳрвандон метавонанд ба Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон бо рақамҳои (44)-600-15-20, (44)-600-28-63 ва ё почтаи электронии “ALLOMUSHTARI@NBT.TJ” ба таври фаврӣ муроҷиат намоянд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку