Ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо низоми пардохтии “Вестерн Юнион” пайваст шуд

Бойгонии ахбор
23.12.2019

Ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо низоми пардохтии “Вестерн Юнион” пайваст шуд

Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки низоми пардохтии “Вестерн Юнион” бо иҷрои талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст шуда, фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор намуд.

Ҳамакнун шаҳрвандони кишвар имконият пайдо карданд, ки аз 23 декабри соли 2019 маблағҳои аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшударо аз ташкилотҳои қарзии кишвар дастрас намоянд.

Сараввал низоми мазкур фаъолияташро бо ҶСП “Бонки Арванд” оғоз намуда, сипас марҳила ба марҳила дар давоми як ҳафта ҳамаи ташкилотҳои қарзие, ки бо низоми мазкур ҳамкорӣ доштанд, ба ин низом пайваст мешаванд.

Интиқоли маблағ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар тавассути низоми пардохтии “Вестерн Юнион” дар рӯзҳои наздик имконпазир мегардад. Вобаста ба ин Бонки миллии Тоҷикистон иловатан хабар медиҳад.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку