Айни замон роҳҳои зиёд ва имкониятҳои гуногуни интиқоли маблағ аз хориҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баръакс мавҷуд мебошанд:
Тавассути низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст шудаанд: Айни замон тавассути низомҳои пардохтии “Контакт” ва “Юнистрим” имконияти интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ба/аз Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир мебошад. Инчунин, аз 23 декабри соли 2019 оператори низоми пардохтии “Вестерн Юнион” ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст гардид ва интиқоли маблағҳо тавассути низоми зикргардида низ имконпазир шуд. Тарифҳои низомҳои пардохтии зикргардида вобаста аз маблағи интиқол, ҷое, ки аз он интиқол амалӣ мегардад ва инчунин асъори интиқол,метавонад аз 0,99 то 2 фоизро ташкил диҳад. Дар низомҳои пардохтӣ дар баробари бо фоиз муқаррар намудани тарифи интиқол, инчунин ҳаққи хизматрасонии интиқол метавонад бо маблағи муайян муқаррар шуда бошад. Масалан, ҳангоми интиқол намудани маблағ то 5 000 рубли русӣ ҳаққи хизмат (тариф)метавонад 50 ё 100 рубли русӣ (то 200 доллари ИМА тариф 2 доллар) ташкил диҳад ва ҳангоми аз 5 000 рубли русӣ зиёд будани маблағи интиқол (ё аз 200 доллари ИМА) тарифҳо метавонанд аз 0,7 то 1,5 фоизро ташкил диҳанд. Бонки миллии Тоҷикистон ба раванди муқаррар намудани тарифҳо аз ҷониби низомҳои пардохтӣ дахолат намекунад, аммо барои коҳиш додани ҳаққи хизматрасонӣ тадбирандешӣ карда, ба низомҳои пардохтӣ ва ташкилотҳои қарзии ватанӣ барои кам кардани фоизи ҳаққи хизматрасонӣ тавсия медиҳад.
Инчунин, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки ҳангоми интиқоли маблағ ба қурби мубодилаи асъор аҳамият диҳанд. Масалан, дар баъзе мавридҳо ҳангоми интиқоли маблағ аз Россия ба Тоҷикистон аз ҷониби интиқолдиҳанда рубли русӣ барои интиқол пешниҳод карда мешавад ва аз ҷониби интиқолдиҳанда дархост мешавад, ки маблағ ба доллари ИМА мубодила карда шуда, ба Тоҷикистон интиқол дода шавад. Дар ин маврид, қурби мубодила аз рубли русӣ ба доллари ИМА бевосита аз ҷониби низоми пардохтӣ ва бонкҳои хориҷӣ муқаррар карда мешавад ва барои интиқолдиҳанда ва интиқолгиранда метавонад ғайриманфиатнок бошад. Аз ин лиҳоз, интиқолдиҳандагон бояд ба ин ҷанба низ аҳамият диҳанд.
Бояд, қайд намуд, ки чунин ҳолат пеш аз фаъолияти Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо низ ҷой дошт.
Интиқоли маблағ аз як корти пардохтӣ ба корти пардохтии дигар: Тавассути кортҳои пардохтии низомҳои байналмилалӣ Visa (хизматрасонии “Visa Direct”) ва “Mastercard” (хизматрасонии “MoneySend”) имконияти интиқоли маблағҳо аз хориҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баръакс мавҷуд мебошанд. Яъне, дорандагони кортҳои пардохтии низомҳои байналмилалии “Visa” ва “Mastercard” аз хориҷи кишвар метавонанд маблағҳои худро аз кортҳои пардохтии худ тавассути банкоматҳо, муассисаҳои бонкӣ, хизматрасонии Интернет-бонкинг ва ё барномаҳои махсуси мобилӣ ба дорандагони кортҳои пардохтии “Visa” ва “Mastercard” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол диҳанд. Тарифҳои хизматрасонӣ аз ҷониби низомҳои пардохтии “Visa” ва “Mastercard” муқаррар шудааст ва дар атрофи аз 1 то 2 фоиз мебошад. Ҳангоми интиқоли маблағ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути хизматрасонии “Visa Direct” ва “MoneySend” дорандагони кортҳои пардохтии ҶСП “Халиқ Бонк Тоҷикистон” метавонанд бемамониат маблағҳоро ба дилхоҳ дорандагони кортҳои пардохтии “Visa” ва “Mastercard” ба дигар мамлакатҳо интиқол диҳанд.
Инчунин, имконияти интиқоли маблағ аз як корти пардохтӣ ба корти пардохтии дигар тавассути хизматрасонии “Сбербанк Онлайн” аз ҷониби якчанд ташкилотҳои қарзии ватанӣ (аз қабили, ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд”, ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон”, ҶСК “Бонки Эсхата” ва ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити”) татбиқ шудааст. Тавассути ин хизматрасонӣ дорандагони кортҳои пардохтии Сбербанки Россия бо истифода аз барномаи мобилии “Сбербанк Онлайн” метавонанд маблағҳоро ба кортҳои пардохтии “Корти миллӣ”интиқол диҳанд. Барои дастрас намудани маблағҳои пулии аз Россия тариқи барномаи “Сбербанк Онлайн” интиқолгардида, ба шаҳрвандон доштани корти пардохтии яке аз ташкилотҳои қарзии дар боло зикргардида зарур мебошад. Айни замон, ташкилотҳои қарзии мазкур барои осону қулай намудани раванди интиқоли маблағҳо ба шаҳрвандон ба таври фаврӣ ва ройгон кортҳои пардохтиро пешниҳод намуда истодаанд.
Маблағҳои пулӣ аз Россия бо рубли русӣ интиқол дода шуда, ҳангоми ворид шудан ба корти пардохтии маблағгиранда ба пули миллӣ - сомонӣ бо қурби муқарраркардаи ташкилоти қарзӣ мубодила мегарданд. Бояд қайд намуд, ки ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқол додани маблағҳои пулӣ тариқи низоми мазкур 1 фоиз аз маблағи интиқол, вале на кам аз 30 рубли русиро ташкил медиҳад.
Пас аз интиқол додани маблағҳо аз Россия ба Тоҷикистон тавассути барномаи “Сбербанк Онлайн”, маблағҳои мазкур дар муддати якчанд сония ба корти пардохтии маблағгиранда ворид мегарданд. Баъд аз ин, маблағҳои мазкурро интиқолгиранда метавонад аз ташкилотҳои қарзӣ, воҳидҳои сохтории онҳо ва банкоматҳои ташкилотҳои қарзии зикргардида, тариқи нақдӣ дастрас намояд ва ё ба таври ғайринақдӣ барои пардохти молу хизматрасониҳо дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ (дорухонаҳо, НФС, меҳмонхонаҳо, мағозаҳо ва ғ.) истифода барад.
Инчунин, тавассути барномаҳои мобилии ташкилотҳои қарзии ватанӣ, аз қабили барномаи мобилии “Oson”, “Фаврӣ” ва дигар барномаҳо имконияти интиқол додани маблағҳо аз корти пардохтӣ ба корти пардохтии дигар имконпазир гардидааст.
Масалан, барои истифода намудани барномаи мобилии “Oson - перевод денег в Таджикистан” (ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”) аз хизматрасонии “Google Play” ё “App Store” барномаи мазкурро дастрас намуда, онро дар телефони мобилии худ насб намуда, сипас корти пардохтии бонки Россияро пайваст кардан лозим аст.
Тарзи истифодабарии барномаи мазкур содда буда, барои интиқол дадани маблағҳои пулӣ, ба интиқолдиҳанда танҳо донистани рақами корти пардохтии маблағгиранда зарур мебошад. Маблағҳо аз корти пардохтии бонки Россия бо рубли русӣ интиқол дода шуда, ҳангоми ворид шудан ба корти пардохтии маблағгиранда ба пулӣ миллӣ - сомонӣ бо қурби муқарраркардаи ташкилоти қарзӣ мубодила карда мешаванд. Бояд қайд намуд, ки ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқол додани маблағҳои пулӣ тариқи низоми мазкур 0% - ро ташкил медиҳад. Ҳаққи хизматрасонӣ барои гирифтани пули нақд аз хазинаи ташкилоти қарзӣ ва банкоматҳои он аз 0 то 1 фоизро ташкил медиҳад.
Роҳи дигари осону қулай интиқол додани маблағҳо ба Тоҷикистон ин тавассути нуқтаҳои хизматрасонии “Связной” ва “Мегафон”, ки дар Россия шабакаи васеъ доранд ва аз ҷониби аҳолӣ хизматрасонии онҳо ба таври оммавӣ истифода мешаванд, интиқоли маблағ ба кортҳои пардохтии “Корти миллӣ” мебошад. Яъне, шаҳрвандон дар Россия метавонанд ба нуқтаҳои хизматрасонии “Связной” ва “Мегафон” муроҷиат намуда, интиқоли маблағро ба кортҳои пардохтии “Корти миллӣ”-и дилхоҳ ташкилоти қарзии Тоҷикистон ва ё ба кортҳои пардохтии Visa ва UnionPay дархост намоянд. Ба интиқолдиҳанда танҳо донистани рақами корти пардохтии маблағгиранда зарур мебошад. Маблағҳо бо рубли русӣ қабул гардида, ҳангоми ворид шудан ба корти пардохтии маблағгиранда ба пулӣ миллӣ - сомонӣ бо қурби муқарраркардаи ташкилоти қарзӣ мубодила карда мешаванд. Ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқол додани маблағ 0 фоизро ташкил медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо ташкилотҳои қарзии ватанӣ дар ҳамкорӣ бо бонкҳои Россия ва низомҳои пардохтии байналмилалӣ роҳу воситаҳои наву муосир, осону қулай интиқол додани маблағҳоро ба/аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз технологияҳои замонавии иттилоотию коммуникатсионӣ татбиқ намуда истодаанд.
Диверсификатсияи интиқоли маблағҳо, яъне зиёд гардидани роҳу воситаҳои интиқоли маблағҳо ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки роҳу воситаи ба худ осону муносибро интихоб намуда, интиқоли маблағро бо суръати баланд ва боэътимод анҷом диҳанд.
Шуъбаи матбуот