Вазъи низоми бонкӣ дар соли 2019

Бойгонии ахбор
24.12.2019

Вазъи низоми бонкӣ дар соли 2019

24 декабри соли 2019 таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи  «Оид ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Сараввал муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев оид ба низоми бонкӣ ва саҳми он дар иқтисодиёт баромад намуда, изҳор дошт, ки масъалаи баррасишаванда яке аз масъалаҳои муҳим дар ҷомеа маҳсуб ёфта, пешбурди сиёсати дурусти пулию қарзӣ ба рушди иқтисодиёту ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Мавсуф зикр кард, ки новобаста аз мавҷуд будани шароити мураккаби иқтисодӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои беруна, низоми бонкии мамлакат фаъолияти худро баҳри таъмини суботи молиявӣ ва дастрасии молиявӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ идома дода истодааст.

Парлумон.jpg

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев бо такя ба маълумотҳои омории низоми бонкӣ ва натиҷагирии ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ иброз дошт, ки танзими низоми бонкӣ пурзӯр гардида, вазъи низоми бонкӣ беҳтар шуда истодааст. Акрамшо Фелалиев ба Раис ва аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия барои ташкили соати парламентӣ, ки ба вазъи низоми бонкӣ бахшида шуд, изҳори миннатдорӣ намуда, суханро ба муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола дод.

Лола Чумаевна Парлумон.jpg

Дар навбати худ, рӯнамоиро оид ба “Вазъи низоми бонкӣ дар соли 2019” муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола манзури ҳозирин гардонид. Зимни баромад номбурда оид ба вазифаҳои низоми бонкӣ, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тадбирҳои дар ин самт андешидашуда, нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкӣ, оид ба вазъи низоми пардохт ва ислоҳотҳои татбиқшуда маълумоти муфассал манзур намуд. Бинобар аз ҷониби Пешвои миллат яке аз ҳадафҳои рушди миллӣ эълон шудани саноатикунонии мамлакат, низоми бонкӣ дар самти зиёд намудани ҳаҷми қарз ба бахши хусусӣ, бахусус соҳаҳои истеҳсолот вазифадор шудааст. Аз ин рӯ, қайд гардид, ки ҳиссаи сандуқи қарзӣ дар дороиҳои низом зиёд шуда, ҳаҷми қарзҳои нав додашуда ба 22 фоиз афзоиш ёфтааст, ки аз зиёд шудани талабот ба қарзҳо ва баланд шудани сатҳи қарзадокунии мизоҷон шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон, дар давоми 11 моҳи соли 2019 8,2 млрд.сомонӣ қарз ба иқтисодиёт пешниҳод шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 млрд. сомонӣ ё 23 фоиз зиёд мебошад. 40 фоизи қарзҳои додашуда асосан ба соҳибкории истеҳсолӣ равона карда шуда, ба саноатикунонии кишвар мусоидат менамояд, қайд намуд зимни рӯнамоӣ Салимова Л.

Баъди рӯнамоӣ оид ба вазъи низоми бонкӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳлатнокӣ ва меъёри фоизи қарзҳо, сиёсати пулию қарзӣ, беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонӣ, фаъолияти Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ва манфиати он ба иқтисодиёт суолҳо пешниҳод шуда, посухҳои мушаххас дода шуд.

Дар анҷоми муҳокимаи парламентӣ қарор ва тавсияҳои дахлдор қабул карда шуда, Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев миннатдории самимии худро ба Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамкории доимӣ изҳор намуд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку