Истиқлолу озодии давлати тоҷиконро чун неъмати муқаддас ва гавҳари бебаҳо гиромӣ дорем

Бойгонии ахбор
26.12.2019

Истиқлолу озодии давлати тоҷиконро чун неъмати муқаддас ва гавҳари бебаҳо гиромӣ дорем

26 декабри соли 2019 кормандони дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ва Шуъбаҳои минтақавии он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва Ғарм пахши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастаҷамъона тамошо карданд. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди низоми бонкӣ як қатор вазифаҳои муҳимро баҳри рушди иқтисодиёти мамлакат роҳнамоӣ кард.

NBTL4769.JPG

Сараввал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019-ро натиҷагирӣ карда, аз таъмин шудани суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ҳаҷми 7,5 фоиз ва зиёд шудани ин нишондиҳанда аз ҳисоби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ ба 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз қайд кард. Зикр карда шуд, ки дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт ва ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳлили амиқи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, инчунин ба масоили низоми бонкии мамлакат низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, қайд карданд, ки тайи солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш ёфт. Бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил карда, дар ҳафт соли охир 45 фоиз зиёд гардид.

NBTL4793.JPG

Ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва истифодаи воситаҳои дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон аз ҷониби Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ бо мақсади иҷрои вазифаҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ бонк таъсис дода шуда, барои фаъолияти самарабахши қарздиҳии ин бонк маблағ ҷудо карда шавад ва ҳамасола ин маблағҳо зиёд карда шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон таъкид намуданд, ки низоми бонкӣ бояд ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ мусоидат намояд ва сарчашмаи асосии дастгирии молиявии ҳадафҳои давлат бошад.

- Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани сабабҳои кам ҷалб гардидани сармояи дохиливу хориҷӣ барои ташкили бонкҳои нав ва камшавии сармояи оинномавии бонкҳои амалкунанда чораҳои зарурӣ андешида, сиёсати пуливу қарзиро ба рушди устувори иқтисоди миллӣ ва афзоиши содирот равона намуда, якҷо бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон - “Амонатбонк” бояд ҷиҳати ба таври назаррас зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, алалхусус, бахшҳои истеҳсолӣ ва паст кардани фоизи он чораҳои таъхирнопазир андешида, якҷо бо мақомоти дахлдори давлатӣ барои дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ доштани сатҳи таваррум тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонад.

NBTL4696.JPG

Инчунин, бо мақсади таъсиси намояндагии бонкҳои алоҳидаи кишварҳои шарик ҷиҳати таъмини шароити беҳтар барои фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ бо сармояи шарикон чораҷӯӣ намояд,-зикр намуданд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ зикр намуданд, ки “Ҳадаф аз стратегияву барномаҳои қабулшуда, ки ҷараёни татбиқи онҳо дар паёми имрӯза таҳлилу баррасӣ гардид, инчунин, мақсади ниҳоии қонунҳои қабулкардаи парламент, фармону амрҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат аз он иборат аст, ки пешрафти давлат, ободии Ватан ва муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон таъмин карда шавад.

NBTL4745.JPG

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта, қайд карданд, ки ҳукумати Тоҷикистон ба сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт ҳамчун воситаи асосии саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда истодааст.

Зикр гардид, ки дар солҳои 2013-2019 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар 57,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки қариб 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.

NBTL4786.JPG

Тибқи санадҳои қабулшуда ҷалби сармояи хусусӣ бояд афзоиш ёфта, соли 2020 ҳиссаи он нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 10 фоиз расонида шавад.

Дар фароварди ироаи Паём Сарвари давлат ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат намуда, таъкид бар он доштанд, ки Ватанамонро бояд на бо забон, балки бо қалб дӯст дорем: “Барои якпорчагӣ, рушду нумӯъ ва беҳтар намудани вазъи зиндагонии аҳолӣ кӯшиш ба харҷ диҳем, дар роҳи пешрафти Ватани азизамон боз ҳам сарҷамъу муттаҳид бошем, то ин ки мо ҳама якҷо кишвари азизу муқаддасамонро ба як сарзамини обод ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем.

Мардуми мо дар тӯли таърихи начандон тӯлонии даврони соҳибистиқлолӣ аз уҳдаи иҷрои бисёр корҳои ҷиддиву сарнавиштсоз бо сарбаландӣ баромаданд ва эътимод дорам, ки ба хотири таҳкими пояҳои давлати миллии худ минбаъд низ содиқона ва софдилона заҳмат мекашанд.

NBTL4746.JPG

Бовар дорам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ мо боз корҳои зиёди бунёдгаронаро амалӣ мекунем, тамоми захираву имкониятҳоро барои бунёди корхонаҳои хурду бузург сафарбар менамоем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозем ва сатҳи некӯаҳволии халқамонро боз ҳам беҳтар мегардонем.

Ман ба қудрати созандаву офарандаи мардуми сарбаланди тоҷик эътимод дорам ва як нуктаро дилпурона изҳор менамоям: мо ҳамаи иқтидору имкониятҳоро дорем, ки раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем, барои расидан ба ҳадафҳои миллиамон кӯшишу ғайрати бештар намоем, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои мавҷударо бартараф кунем, рушди устувору босуботи кишвари азизамонро таъмин созем ва рӯзгори ҳар як хонадони Тоҷикистонро аз имрӯза беҳтар гардонем.

Дар ин раванд қарзи имонӣ ва вазифаи виҷдониву инсонии ҳар яки мост, ки истиқлолу озодии давлати тоҷиконро чун неъмати муқаддаси ҳаётамон ва мисли гавҳари бебаҳои зиндагиамон гиромӣ дорем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем.

NBTL4780.JPG

Эътимоди комил дорам, ки мардуми бонангу номуси мо ин нуктаро хуб дарк мекунанд.

Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд.

Дар ин роҳи пуршараф ба тамоми сокинони кишвар ва ба ҳамаи шумо - вакилони халқ ва ҳозирини гиромӣ барору комёбӣ орзу менамоям”. 

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку