Бойгонии ахбор
27.12.2019

Шаҳрвандон маблағҳои тавассути “Золотая корона” ба Тоҷикистон интиқол додаашонро аз БДА ҶТ “Амонатбонк” мегиранд

Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки рӯзҳои 28 - 30 декабри соли 2019 онҳое, ки маблағҳои худро аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 1 ноябр то 3 декабри соли 2019 тавассути низоми “Золотая корона” интиқол дода буданд, метавонанд танҳо аз тамоми воҳидҳои хизматрасонии БДА ҶТ “Амонатбонк” аз тамоми манотиқи кишвар гиранд.

Дар ҳолати пайдо шудани суол ва ё мушкил шаҳрвандон метавонанд бо рақамҳои (44)-600-15-20, (44)-600-28-63 ба Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку