Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба маводи хабарнигорони рӯзномаи “Ҷумҳурият” Муҳаммадзоиршо Шарифзода ва Зокир Ҳасан таҳти унвони “Бохтар обод мешавад, агар...”, ки 27 ноябри соли 2019 таҳти №224 (23827) интишор шудааст, чунин иттилоъ медиҳад:
Пешниҳоди маблағгузориҳои қарзӣ барои рушди соҳибкорӣ, ҳамчун самти афзалиятнок дар кишвар ба ҳисоб рафта, вобаста ба ин, саҳми фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ низ баҳри рушди соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ назаррас мебошад. Хизматрасониҳои бонкӣ ба муштариён, аз ҷумла ба соҳаи соҳибкории хурду миёна, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти коркард, бахши хоҷагии қишлоқ ва рушди содироти кишвар рӯз то рӯз беҳтар гашта истодааст.
Аз рӯи маълумотҳои ҷамъбастии моҳҳои январ - октябри соли 2019 ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти шаҳри Бохтар 195,9 млн. сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 14,2 фоиз ё 24,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзӣ ба шаҳри Бохтар дар ин давра маблағӣ 104,5 млн. сомонӣ ба соҳаи соҳибкорӣ рост меояд, ки 53,3 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои додашударо ташкил медиҳад.
Бақияи пасандозҳо бошад ба санаи 31 октябри соли 2019 143,8 млн. сомониро ташкил намуда, ба ҳамин давраи соли гузашта 13,2 млн.сомонӣ ё 10,1 фоиз афзуд.
Афзоиши пасандозҳои аҳолии шаҳри Бохтар аз зиёд шудани эътимоднокии аҳолӣ ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад.
Шуъбаи матбуоти БМТ