Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2020, таҳти №1, мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 7, 10, 15 ва 27-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Алиф Бонк” Иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни супоридани Иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ ба Раиси ҶСК “Алиф Бонк” Қурбонов Абдулло барои васеъ кардани шабакаи фаъолият, аз ҷумла кушодани воҳидҳои сохторӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва зиёд кардани хизматрасониҳои бонкӣ, бахусус қарздиҳӣ дастур дод.
Тибқи қарори Раёсати БМТ бинобар табдилёбии ҶСК ТАҚХ “Алиф Сармоя” ба бонк Иҷозатномаи он барои иҷрои амалиёти бонкӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 05.07.с.2019, №75 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста мешавад.
Аз ҷониби ҶСК ТАҚХ “Алиф Сармоя” дар робита ба табдилдиҳии он ба бонк (ҶСК “Алиф Бонк”) расмиёти зарурӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ риоя гардидааст.
Шуъбаи матбуот