Дар бораи ҶДММ «Ташкилоти суғуртавии Боварӣ»

Бойгонии ахбор
13.01.2020

Дар бораи ҶДММ «Ташкилоти суғуртавии Боварӣ»

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2020 таҳти №10 дар асоси моддаҳои 6 ва 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, бобҳои 11 ва 54 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ташкилоти суғуртавии Боварӣ» барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Идораи назорати суғуртавӣ барои ворид намудани тағйироти дахлдор дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта вазифадор карда шуд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку