БМТ: Баррасии “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин”

Бойгонии ахбор
13.01.2020

БМТ: Баррасии “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин”

13 январи соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ва кормандони Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” ҷаласа доир гардид.

Чорабиниро Муовини Раиси БМТ Лола Салимова ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки 4 апрели соли 2018 бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” қабул гардид, ки он мақсаду вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи динро бо дар назардошти манфиатҳои миллии кишвар муайян ва танзим менамояд.

NBTL5819.JPG

“Ҳадафи асосии Консепсия муқаррар намудани дурнамои дарозмуҳлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии инсон ва шаҳрванд, рушди пояҳои давлати дунявӣ, густариши таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо, таъмини амният ва ҳамдигарфаҳмиву ризоият дар фазои динии кишвар мебошад”, - қайд намуд зимни баромад Салимова Л.Ҷ.

Сипас, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон Мирзоҳасан Султонов зимни муаррифии рӯнамоӣ дар мавзӯи “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” иштирокдорони чорабиниро бо заминаҳои қабули консепсия, вазъи кунунии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, мақсад ва ҳадафҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, муносибати давлат ва иттиҳодияҳои динӣ ва муносибати давлат бо омили динӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳуриии Тоҷикистон шинос намуд.

Зикр карда шуд, ки механизми амалишавии Консепсия аз муносибати маҷмӯӣ ба ташаккули низоми чорабиниҳои банақшагирифташуда ва дар ҳамбастагӣ баррасӣ намудани онҳо, пайдарпай амалӣ намудани чорабиниҳои пешбинишуда, ошкорбаёнӣ ва ҷалби васеи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иборат буда, ҷиҳати татбиқи Консепсия аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин нақшаи чорабиниҳо барои ҳар панҷсола таҳия ва тасдиқ карда мешавад ва барои татбиқ ва иҷрои самараноки он Вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот масъул мебошанд.

NBTL5806.JPG

Инчунин, таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун узви мустақил ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати равандҳои асосии сиёсати байналмилалӣ дар канор набуда, аз ҷумла дар масъалаҳои мубориза бо падидаҳои экстремизму терроризм, таҳкими таҳаммулпазирии динӣ ва муносибатҳои мутақобилаи байнитамаддунӣ мавқеи мушаххаси худро дорад.

Дар фароварди ҷаласа сардори Идораи кормандони бонк Давлаҳмад Гадоев таваҷҷуҳи ҳозиринро ба дарки амиқи консепсияи мазкур ҷалб намуда, ёдовар шуд, ки имрӯз инсоният ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ гардидааст. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор рафта, зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Ва боиси таассуф аст, ки ин зуҳуроти номатлуб дар ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоиву амниятӣ дорад. Бинобар ин, мо аҳли ҷомеа бояд иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт дастгирӣ карда, омилҳои пайдоиши терроризм ва экстремизмро пешгирӣ намуда, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омода бошем.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку