Рӯзҳои 13-15 январи соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои кормандони мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) бо ташаббуси дафтари Ташкилоти ихтиёрӣ оид ба хизматрасониҳои молиявӣ (FSVC) дар ш.Душанбе ва дар ҳамбастагӣ бо Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ аз ҷумлаи аввалин семинари омӯзишиест, ки дар доираи силсиласеминарҳои дар соли 2020 барои коршиносони низоми МҚД/МТ/МПСҚО –и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо коршиносони FSVC ба нақша гирифта шуда, гузаронида шуд.
Бо мақсади шиносоии иштирокчиён бо таҷрибаи корӣ оид ба амалӣ намудани таҳлил дар самти МҚД/МТ/МПСҚО, маводҳои иттилоотӣ оид ба таҷриба ва усулҳои таҳлил, шаклҳои он ва хусусиятҳои фарқкунандаи усул ва равишҳои истифодашаванда, зарурати баҳодиҳии хавф ва афзалият дар асоси фаъолияти он манзур гардиданд.
Дар қисмати муҳокимаронӣ иштирокчиёни семинар бо истифода аз имкониятҳои амалӣ ба саволҳои худ дар доираи рӯнамоҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва FSVC бо дастгирии молиявии ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо мақсади баланд бардоштани иқтидори низоми миллии кишвар дар самти МҚД/МТ/МПСҚО равона гардида, дар доираи он баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ барои бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ (ташкилотҳои қарзӣ ва молиявӣ) ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин, бо мақсади такмил ва рушди низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор баргузории чорабиниҳои мухталифи омӯзишии соҳавиро дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба роҳ мондааст.
Шуъбаи матбуот