Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ

Бойгонии ахбор
17.01.2020

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ

16 январи соли 2020 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев Ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Ян-Петер Олтерс, коршиноси калони иқтисодӣ Гоҳар Гулюмян, мушовирони байналмилалӣ Мартин Галстян ва Вахе Мавсисянро ба ҳузур пазируфт.

NBTL5927.JPG

Нахуст Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкориҳои мутақобилаи судманд ба Ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои мусоидат дар татбиқи марҳилаи навбатии кӯмаки техникӣ оид ба ҳисоб намудани методология ва баҳодиҳии “Фаъолнокии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Economic Ectivity or Business climate)”изҳори сипос кард.

Дар идома мушовири байналмилалии Бонки Ҷаҳонӣ Мартин Галстян оид ба татбиқи лоиҳаи “Фаъолнокии иқтисодиёт”, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи дигар кишварҳоро дар ин самт аз солҳои 1960 ва таъсири он дар рушди иқтисодиёти кишвар рӯнамои худро манзури аҳли нишаст намуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки лоиҳаи мазкур барои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар рафти таҳия ва татбиқи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

NBTL5967.JPG

Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ дар навбати худ баён доштанд, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур диққати махсус ба пешниҳоди донишҳои методологӣ ва консептуалӣ оид ба ташхиси фазои тиҷоратӣ равона карда шуда, мақсади пурсишномае, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи “Фаъолнокии иқтисодиёт” гузаронида мешавад, омӯзиши андешаи роҳбарони ширкатҳо оид ба вазъи тиҷорати кунунӣ, инчунин нақша ва интизории онҳо барои оянда мебошад. Зеро таҷрибаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд нишон дод, ки чунин пурсишномаҳо на танҳо барои мақомоти давлатӣ, таҳиягарони сиёсати иқтисодӣ ва таҳлилгарон, балки барои худи посухдиҳандагон низ муфид ва дар баробари ин манбаи иттилоъ мебошад.  

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар баробари баррасии масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳо дар бахши низоми бонкӣ, инчунин, оид ба рафти амалишавии лоиҳаи “Фаъолнокии иқтисодиёт”, табодули афкор намуданд.

NBTL6018.JPG

Коршиноси калони иқтисодии Бонки Ҷаҳонӣ Гоҳар Гулюмян дар навбати худ изҳор дошт, ки омодааст барои вусъат бахшидани муносибатҳои ҳамкорӣ дар самтҳои зикршуда, аз ҷумла расонидани кӯмаки техникӣ мусоидат намояд.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъда изҳори умед карда, таъкид бар он дошт, ки таҳия ва татбиқи минбаъдаи чунин барномаҳо дар доираи кӯмакҳои техникӣ на танҳо барои рушди низоми бонкӣ балки иқтисодиёти кишвар таъсири мусбат мерасонад.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку