Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 19 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172 тасдиқ шудааст, қарори навбатиро аз санаи 22 январи соли 2020 таҳти №14 дар бораи додани иҷозатнома ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Моор Стивенс” ба тасвиб расонид.
Дар асоси қарори мазкур ба ҶДММ “Моор Стивенс”, барои фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилотҳои суғуртавӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.
Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор шудааст, ки дар Феҳристи ташкилотҳои аудиторӣ, ки ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилотҳои суғуртавиро доранд, сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуот