Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 10 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” қарори навбатиро аз 27 январи соли 2020, таҳти № 18 ба тасвиб расонид, ки тибқи он бинобар сабаби тағйир ёфтани маҳалли ҷойгиршавӣ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кроу Хорват - ЭЙСИҶИ” ҷиҳати анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ, тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати то 6 сентябри соли 2021 иҷозатнома дода шуд.
Мутобиқи қарори мазкур Иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кроу Хорват - ЭЙСИҶИ” аз 6 сентябри соли 2016, аз эътибор соқит дониста шуда, Департаменти назорати бонкӣ уҳдадор аст, дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ, оид ба тағйироти мазкур сабти дахлдор ворид намояд.
Шуъбаи матбуот