Дар бораи “равзанаи бонкии исломӣ”-и ҶСП ТАҚХ “Ҳумо”

Бойгонии ахбор
06.02.2020

Дар бораи “равзанаи бонкии исломӣ”-и ҶСП ТАҚХ “Ҳумо”

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2020 (№20) мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 10, 12, 15 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Ҳумо” барои анҷом додани фаъолияти бонкии исломии зерин тавассути “равзанаи бонкии исломӣ” дар шакли филиал бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд:

1.ҷалб намудан ва гирифтани амонати исломӣ, пасандози исломӣ ё пешбурди суратҳисоби сармоявии шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ;
2. кушодан ва хизматрасонии суратҳисоби муштарӣ (барои амонати исломӣ, пасандози исломӣ ё суратҳисоби сармоявӣ);
3. амалиётҳои кассавӣ: қабул, аз нав ҳисоб кардан, иваз намудан, мубодила, бастан ва нигоҳ доштани пулҳои коғазӣ ва тангаҳо;
4. амалиётҳои интиқолӣ: иҷрои хизматрасониҳои интиқолӣ барои интиқоли маблағи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ;
5. маблағгузориии тиҷорат: додани қарзи хурди исломӣ дар шакли нақдӣ ё маблағгузории хурди исломӣ (таъминшуда, таъминнашуда), аз ҷумла бидуни маҳдудияти маблағгузории истеъмолӣ ҳамчун қарзи истеъмолӣ, ипотекӣ ва байнибонкӣ;
6. маблағгузории хурди исломӣ барои сармоягузории асосӣ дар асоси фармоиши сармоягузор;
7. додани кафолати бонкӣ, аз ҷумла кафолат ва эътиборномаҳо аз номи худ ва аз номи муштариён;
8. аҳдҳо оид ба мубодилаи асъор;
9. хариду фурӯши воситаҳои зерин аз ҳисоби худ ё муштариён:
- асъори хориҷӣ;
- саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматноки интиқолшаванда.

Тибқи қарори зикршуда барои оғози фаъолияти “равзанаи бонкии исломӣ”-и ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ф.Ниёзӣ, бинои 51 Департаменти назорати бонкӣ уҳдадор шудааст, ки дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии исломӣ ва “равзанаҳои бонкии исломӣ” сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку