Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2020 (№21) мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 10, 15 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ба Фонди қарзии хурди “Имон” барои анҷом додани фаъолияти бонкии исломӣ, аз ҷумла пешниҳоди қарзҳои хурди исломӣ ва маблағгузории исломӣ ва бастани қарордодҳои фаровардӣ ва своп барои худ тавассути “равзанаи бонкии исломӣ” бо пули миллӣ иҷозатнома дода шуд.
Тибқи қарори зикршуда барои оғози фаъолияти “равзанаи бонкии исломӣ” тавассути бахш дар саридораи ФҚХ “Имон” дар суроғаи вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19, бинои 55 Департаменти назорати бонкӣ уҳдадор шудааст, ки дар Феҳристи равзанаҳои бонкии исломӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуот