Таҳлил ва ҷамъбасти нишондиҳандаҳои ташкилотҳои суғуртавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
06.02.2020

Таҳлил ва ҷамъбасти нишондиҳандаҳои ташкилотҳои суғуртавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

05 феврали соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ ва масъулини Идораи назорати суғуртавӣ ҷаласаи навбатии ташкилотҳои суғуртавӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти кории ташкилотҳои суғуртавӣ дар соли 2019 доир гардид.

Ҷаласаро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки бахши суғурта яке аз унсурҳои муҳимми таркибии бозори молиявӣ ба ҳисоб рафта, рушди ин бахш ба ҳалли як қатор масъалаҳои мубрами иҷтимоию иқтисодии давлат мусоидат менамояд.

“Бахши суғурта ҳамчун низоми ҳимоя ва дастгирии манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дар самти таъмини бехатарии ҳаёт, саломатӣ ва молу мулк унсури асосии иҷтимоию иқтисодии давлат ва ҷомеа ба ҳисоб рафта, барои пешрафти соҳаҳои иқтисодиёт ва хоҷагии халқ муҳим арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, суғурта яке аз соҳаҳои муҳимми бозори молиявии давлат маҳсуб ёфта, таҳким ва инкишофи он тақозои замон аст”,-иброз намуд Ҳ.Машрабзода.

Дар рафти кори ҷаласа сардори Идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон Дилбар Ҳусейнова дар мавзӯи “Таҳлили нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии ташкилотҳои суғуртавӣ дар соли 2019” баромад карда, фаъолияти ташкилотҳои суғуртавии кишварро ҳамаҷониба мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор дод.

Номбурда зимни таҳлили нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии ташкилотҳои суғуртавӣ оид ба тамоюли бозори суғуртавӣ, воридоти мукофоти суғуртавӣ аз рӯи шаклҳо ва намудҳои суғурта, пардохти ҷуброни суғуртавӣ аз рӯи шаклҳо, сохтори сандуқи суғуртавӣ, нишондиҳандаҳои азнавсуғуртакунӣ маълумоти дақиқ дод.

Дар қисмати муҳокимарониҳо роҳбарон ва намояндагони масъули ташкилотҳои суғуртавии кишвар суханронӣ карда, оид ба мавзӯъҳои гуногуни вобаста ба фаъолияти соҳа ибрози андеша намуданд, инчунин доир ба фаъолияти ташкилоти худ дар соли сипаригардида ҳисобот пешниҳод карданд.

Ҷаласаро Муовини Раиси БМТ Ҳамидулло Машрабзода ҳусни анҷом бахшида, ба ташкилотҳои суғуртавӣ барои саҳмгузорӣ дар бозори хизматрасониҳои суғуртавӣ, ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, дар асоси рақобати солим ба роҳ мондани фаъолияти худ ва инъикоси пурраи фаъолият дар сомонаҳои расмии хеш дастуру тавсияҳо дод.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку