Рӯзҳои 17-21 феврали соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои кормандони мақоми ваколатдор ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) аз ҷониби дафтари Ташкилоти ихтиёрӣ оид ба хизматрасониҳои молиявӣ (FSVC) дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Семинари мазкур дар доираи силсиласеминарҳо барои коршиносони низоми МҚД/МТ/МПСҚО–и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2020 дар ҳамбастагӣ бо коршиносони FSVC ба нақша гирифта шудааст, доир гардид.
Тӯли 5 рӯз коршиносони FSVC таҷрибаи хешро доир ба муҳокимаи ҳамкории самаранок байни мақомоти давлатии дахлдор дар доираи гузаронидани таҳлил ва тафтиши яквақтаи молиявӣ, бахусус дарк намудани нақши ҳар як мақомот дар амаликунии талаботҳои Тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) дар ин раванд, ба иштирокдорони семинар омӯхтанд.
Дар қисмати мубоҳиса иштирокчиён вобаста ба суолҳои худ нисбати рӯнамоиҳои манзургардида ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Бонки милли Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор, бо мақсади пурзӯр ва рушди низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО-и ҷумҳурӣ, баргузории чорабиниҳои омӯзиширо дар ин самт бо ҳамкории шарикони рушд идома хоҳад дод.
Департаменти мониторинги молиявӣ