Дар бораи ташкилотҳои қарзӣ

Бойгонии ахбор
27.02.2020

Дар бораи ташкилотҳои қарзӣ

Дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарорҳои навбатии худ таҳти №33 ва №34 аз 26 феврали соли 2020 дархостҳои Фонди қарзии хурди “Наҷм” ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Тиҷорат-Қарз”-ро оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ намуд.

Тибқи қарорҳои зикршуда, иҷозатномаҳои ФҚХ “Наҷм” ва ҶДММ ТАҚХ “Тиҷорат-Қарз”-ро, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд мешаванд.

Мақомоти ваколатдори ФҚХ “Наҷм” ва ҶДММ ТАҚХ “Тиҷорат-Қарз”- вазифадоранд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилотҳои қарзӣ, бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои барҳамдиҳиро таъсис дода, ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти заруриро пешниҳод намоянд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку