3 марти соли 2020 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Мушовири Президенти Ҷумҳурии Фаронса оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Паскал Лоро ва сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуэдар мулоқоти корӣ анҷом дод.
Дар оғози мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳори боварӣ кард, ки мулоқоти мазкур барои ҳамкориҳои мутақобилаи судманд ва тақвияти минбаъдаи он мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷараёни мулоқоти ҷонибҳо, ки маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса мавриди баррасӣ қарор дода шуд, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз ҳамкории солҳои қаблии Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки марказӣ ва институтҳои молиявию қарзии Фаронса, ки дар доираи он беш аз 200 нафар мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон дар Бонки марказии Фаронса малакаи касбӣ ва донишҳои тахассусии худро такмил доданд, ёдовар шуда, хостори барқарор намудани ҳамкориро дар ин самт ва самтҳои дигари низоми бонкӣ шуд.
Дар навбати худ ҷаноби Паскал Лоро аз сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса дар моҳи ноябри соли 2019 ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ ёдовар шуда, зикр намуд, ки баҳри татбиқи ин созишномаҳо аз ҷониби Фаронса нақшаи ҳамкорӣ (дорожная карта) таҳия гардида, дар он самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла бо низоми бонкӣ муайян карда шудаанд. “Дар ин росто, мо тасмим гирифтем, ки барои татбиқи бандҳои алоҳидаи созишномаҳои имзогардида ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, барои иҷроиши минбаъдаи он, бо шахсони масъули давлатӣ ва вазорату идораҳои дахлдор вохӯрда, барои ҳарчӣ зудтар дар амал татбиқ гардидани онҳо заминаи воқеӣ гузорем”, - гуфт Паскал Лоро. Зикр карда шуд, ки тибқи нақшаи мазкур ҳамкории Бонки марказии Фаронса бо Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда шудааст, ки дар панҷсолаи минбаъда татбиқи он дар назар аст.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода пешниҳоди ҷаноби Лоро Паскалро ба хушӣ пазируфта, изҳор боварӣ кард, ки татбиқи ин нақшаҳо ба рушди ҳамкориҳои низоми бонкии ду кишвар такони нав бахшида, самтҳои нави ҳамкориро тақвият хоҳад бахшид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо инчунин, масоили омодасозии мутахассисони соҳибмалака дар самти низоми бонкӣ, рушди ҳисобҳои муросилотӣ (корреспандентӣ) миёни бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистону Фаронса, ифтитоҳи намояндагии бонкҳои тиҷоратии Фаронса дар Тоҷикистон, рушди соҳаи сайёҳӣ бо истифода аз имкониятҳои зиёди мавҷуда, ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории терроризм мубодилаи афкор карданд.
Мушовири Президенти Фаронса оид ба масъалаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Паскал Лоро аз таҷрибаи ҳамкориҳои ду кишвар дар самти низоми бонкӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки хоҳони дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкории мазкур мебошад.
Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуэдар дар навбати худ, баҳри вусъат бахшидани ҳамкориҳои мутақобила сухан ронда, зикр кард: “Нақши Бонки миллии Тоҷикистон дар таҳияву амалигардонии як қатор ислоҳоти муҳими низоми бонкӣ муассир аст ва мо омодаем, ки минбаъд низ ҳамкориҳоро дар бахши низоми бонкии ду кишвар тақвият бахшем”.
Ёдовар бояд шуд, ки Мушовири Президенти Фаронса оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Паскал Лоро бо сафари корӣ рӯзҳои 3-4 марти соли 2020 ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ки дар доираи он як қатор вохӯриҳо бо Муовини Сарвазири кишвар Азим Иброҳим, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва дигарон дар назар аст.
Шуъбаи матбуот